Маълумоти охирин

СИЁВУШ

СИЁВУШ (доранда, савораи аспи сиёҳ), образи асотирӣ, ки дар ҳаёти маънавии халқҳои эронӣ мақоми баланд дорад. Дар Авесто ба газали «Сйаваршан», манбаъҳои форсии миёна «Сиёвахш» ва сарчашмаҳои дигар (масалан, «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ) «Сиёвуш» омадааст. Дар ин манбаъҳо гоҳо «Сиёвахш» ҳам гӯфтаанд. Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳои адабию таърихӣ (Берунӣ, Наршахӣ ва дигарон) ва ҳафриётшиносӣ (С. П. Толстов, А. Ю. Якубовский, М. М. Дяконов) зиёда аз се ҳазор сол пеш аз асри 10 хоразмиён ва суғдиён Сиëвушро мепарастидаанд. Нахуст манбаи хаттие, ки дар бораи Сиëвуш ривоёти пароканда дорад, «Яштҳо»-и Авесто мебошад. Аз рӯи «Яштҳо» Сиëвуш ҳафтумин шоҳи каёнӣ, шахси далеру зебо ва бегуноҳ буда, бо хиёнат аз тарафи Афросиёби тӯронӣ кушта мешавад. Дар атрофи ривоёти парокандаи Авесто ва дигар нақлҳо минбаъд Сиëвуш дар осори гуногуни таърихӣ, мазҳаби ва адабии паҳлавӣ («Худойнома», «Ваҳуман – Яшт», «Ёдгори Ҷомасп», «Бундаҳиш», «Минуи хирад» ва ғайра), инчунин осори муаллифони арабизабон ва форсизабони асрҳои 9—10 («Китоб –ул -ахбор- ит- тивол»-и Диноварӣ «Муруҷ-аз-заҳаб -и Масъудӣ  «Тарҷумаи Таърихи Табарии Балъамӣ, «Шоҳномаи Абумансурӣ», «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ», «Ғурар»-и Саолибӣ ва ғайра) таҳриру такмил ёфтааст. Сиëвуш дар ин асарҳо ҳамчун қаҳрамони барҷастаи ҳамосӣ, бунёдгузори бисёр шаҳру қалъаҳои шарқи Эрон (Гангдиж, Сиёвушгард ва ғайра) дар тамоми Эрон маъруф мегардад. Ниҳоят, устураи Сиëвуш дар сурати достони муфассалу мунтазам ва баландғояи бадеӣ ба василаи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ пурра ва комилан шакл гирифтт. Фирдавсӣ дар асоси манбаъҳои гуногуни хаттӣ, адабиёти лафзӣ ва идеали эстетикии худ ба номи «Достони Сиёвуш» асари баландғояи қаҳрамонӣ офарид, ки дар таърихи адабиёти форс-тоҷик барҷастатарин фоҷиаи манзум аст.

Ш. Асроров.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …