Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / СИЁСАТИ БЕРУНИИ СССР

СИЁСАТИ БЕРУНИИ СССР

 СИЁСАТИ БЕРУНИИ СССР сиёсатест, ки дар натиҷаи ғалабаи Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр ва барпо шудани давлати коргару деҳқон ба вуҷуд омад, ки замина ва припсипҳои онро В. И. Ленин асоснок намудааст. Партияи коммунистӣ роҳи ленинии Сиëсатро сармашқи кори худ гамуда, онро вобаста ба шароити таърихӣ эҷодкорона инкишоф медиҳад. Мақсади асосии Сиëсат фароҳам овардани шароити мӯътадили байналхалқӣ барои сохтмони сотсиализму коммунизм, ҳимояи манфиатҳои давлатии СССР, мустаҳкам намудани мавқея ҷаҳонии сотсиализм, дастгирии муборизаи халқҳо барои истиқлоли миллию иҷтимоӣ ва прогресси ҷамъиятӣ, пешгирии ҷангҳои таҷовузкорона, муваффақ шудан ба яроқпартоии умумӣ ва пурра мебошад. Синфият ва интернатсионализм, демократизм ва инсондӯстӣ, сулҳдустӣ ва оптимизми таърихӣ хусусиятҳои асосии Сиëсат ба шумор мераванд. Аввалинн ҳуҷҷати Давлати Советӣ декрети ленинии сулҳ буд (8 ноябрт 1917), ки принсипҳои асосии Сиëсат—интернатсионализми пролетарӣ ва ҳамзистии осоиштаи давлатҳои сохти ҷамъиятиашон гуногунро эълон кард. Баъди ғалабаи Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр интернатсионализми пролетарӣ, пеш аз ҳама, якдилии меҳнаткашони мамлакати Советҳо ва дигар мамлакатҳоро дар мубориза барои хотима додани ҷангҳои империалистӣ, муваффақ шудан ба сулҳи одилона, муҳофизат ва мустаҳкам намудани музаффариятҳои револютсияи сотсиалистиро ифода мекард. Баъди ташаккули системаи ҷаҳони сотсиализм бошад, мазмуни асосии онро муборизаи халқҳо барои муҳофизати манфиатҳои сотсиализм, ҳаракати байналхалқии коммунистию коргарӣ ва ҳаракатҳои озодихоҳии миллӣ ташкил медиҳад. Принсипи ҳамзистии осоишта маънои баробарҳуқуқии давлатҳои сотсиалистӣ ва капиталистиро дошта, кӯшиши барқарор намудани муносибат ва ҳамкорӣ бо дигар давлатҳоро дар асоси ба назар гирифтани манфиатҳои тарафайн ифода мекунад.

  Таназзули системаи мустамликадорӣ дар солҳои баъдиҷангӣ ҳодисаи бузурги дорои аҳамияти таърихию байналхалқӣ мебошад. Соли 1960 бо таклифи СССР Ассамблеяи Генералии Ташкилоти Давлатҳои Муттаҳида дар бораи ба мамлакатҳои мустамлика додани истиқлолият Декларатсия қабул кард.

  КПСС дар Съезди 24-ум (1971) Программаи сулҳро қабул кард. СССР программаи конкретяӣва реалии кам кардан ва минбаъд барҳам додани хавфи ҷанги навро ба миëн гузошта, барои яроқпартоии пурраи ядроӣ ва манъи навъҳои дигари яроқҳои қатлӣ  мубориза мебарад.

  Муборизаи бисëрсолаи мамлакатҳои сотсиалистӣ бо сардории СССР боиси он гардид, ки соли 1975 дар Хелсинки Ҳуҷҷати хотимавии Маҷлиси машваратӣ оид ба амният ва ҳамкорӣ дар Европа имзо карда шуд. Ин ба давраи нави пастшавии шиддати вазъияти байналхалқӣ ибтидо гузошт. Съезди 25-уми КПСС (1976) ва муваффақиятҳое, ки дар роҳи татбиқи Программаи сулҳ ба даст оварда шудаанд, баҳои баланд дода, Программаи минбаъдаи сулҳ ва ҳамкории байналхалқӣ, озодӣ ва истиқлолияти халқҳоро қабул кард. Тадбирҳои ин Программа дар шароити мураккаби таърихӣ ба амал бароварда шудаанд. Дар съезди 26-уми КПСС (1981) Партияи коммунистӣ кам кардани хавфи ҷанг, пешгирӣ намудани мусаллаҳшавии бошитоб ва мустаҳкам намудани сулҳ дар тамоми ҷаҳонро, ки давоми мантиқии Программаи сулҳ буд, вазифаи аввалиндараҷа донист. Дар съезд вазифаҳои муҳимми нигоҳ доштан ва мустаҳкам намудани сулҳ, минбаъд ҳам инкишоф ёфтани иттиҳоди мамлакатҳои сотмиалистӣ ва ҳамкории ҳарҷонибаи байни онҳо қайд гардид.

 Дар Съезди 27-уми КПСС (1986) мубориза ба муқобили хавфи ядроӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, мубориза барои муҳофизат ва мустаҳкам намудани сулҳи умум роҳи асосии фаъолияти Партияи коммунистӣ дар арсаи байналхалқӣ эълон шуд. Махсусан қайд шуд, ки таъмини бехатарӣ торафт бештар ба вазифаи сиёсӣ табдил ёфта истодааст ва онро танҳо бо ёрии воситаҳои сиёсӣ метавон ҳал кард. Иттифоқи Советӣ барои рӯҳи нав бахшидан ба гуфтушунидҳои Женева, Стëкголм, Вена, ки мақсадашои қатъ гардонидани мусаллаҳшавии бошитоб, мустаҳкам намудани боварии байни давлатҳо мебошад, саъю кӯшишҳои фаъолона ба кор бурд. Гуфтушунидҳо дар ҳамаи давру замонҳо кори бисëр нозуку мураккаб буданд. Ин ҷо ҷиҳати асосӣ он аст, ки мувозинати мақбули манфиатҳои тарафайн ҳосил гардад.

  Иттифоқи Советӣ таклиф менамояд, ки проблемаҳои яроқпартоӣ ҳамаҷониба, бо тамоми ҷузъиёташ ҳал карда шавад, зеро масъалаҳои амният ба якдигар вобастаанд. Сухан дар бораи нақшаи амалиёти конкретие меравад, ки талаботи замонро комилан ба назар гирад. СССР ният дорад, ки собитқадамона ба татбиқи он муваффақ шавад ва инро тамоюли асосии сиëсати берунии худ медонад.Ҳамаи таклифҳои конструктивӣ ва муборизаи собитқадамонаи Иттифоқи Советӣ барои таъмини сулҳ ва озодию истиқлолияти халқҳои мубориз эътибори байналхалқии онро афзун мегардонад. Бо 132 давлат муносибатҳои дипломатӣ доштан, манфиати СССР-ро дар хориҷа ифода кардани зиёда аз 160 сафоратхона ва консулхона, дар кори зиёда аз 500 ташкилотҳои байналхалқӣ иштирок намудан шаҳодати он аст.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …