Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / СИËҲЛОНӢ

СИËҲЛОНӢ

oberyog-ot-sglaza-i-porchi-600x450СИËҲЛОНӢ, кӯзмунчоқ, мӯҳраи сиёҳ ë сиëҳало, ки онро хурофотпарастон барои аз чашми бад эмин доштани худ ë фарзандашон истифода мебурданд. Сиëҳлонӣ дар замонҳои қадим аз сабаби оҷизии одам дар назди ҳодисаҳои табиат пайдо шудааст. Сиëҳлонӣ мудавваршакл буда, сӯрох ва холҳои сафед дорад. Одамон чандтои онро ба ресмон шадда карда, ба тоқӣ, курта меовехтанд ё ба банди даст мебастанд. Алҳол эътиқод ба сиëҳхок барҳам хӯрда истодааст.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …