Маълумоти охирин
Главная / Илм / СИЁҲГӮШ

СИЁҲГӮШ

СИЁҲГӮШ, гули сиёҳгӯш, сияҳгӯш, сиёвуш, гули қаламқош, гули маъмули навбаҳор аст аз ҷинси наврӯзӣ — Junо (оилаи савсаниҳо). Гиёҳи бисёрсолаест, ки пиëзаки калон ва решаҳои танобшакл дорад. Сиëҳгӯш ба наврӯзӣ монанд аст. Аммо гулҳои наврӯзӣ зард ё зарди сафедча, гулҳои Сиëҳгӯш бунафш, гулобӣ ë бунафши сиëҳтоб мешавад. Сиёҳтоб— J. Nicolai (нишебиҳои кӯҳ, паттавӯ арчазори қаторкӯҳҳои Ҳисору Дарвоз ва ҷануби Тоҷикистон; 900—1900 метр аз сатҳи баҳр), J. гоsenbachianа (нишебии қаторкӯҳҳои Дарвоз, Вахш, Петри I ва доманакӯҳи ноҳияҳои ҷануби Тоҷикистон), J. baldshuaniса (минтақаи миёнакӯҳи қаторкӯҳҳои Ҳисору Дарвоз; 1600—1800 м аз сатҳи баҳр), J. tadshicorum (нишебиҳои қаторкӯҳи Дарвоз; 2600— 2800 метр аз сатҳи баҳр), J. vicaria (қаторкӯҳҳои Ҳисору Дарвоз), J. warleynis (қаторқӯҳҳои Зарафшон, Ҳисору Дарвоз) дар бисёр ноҳияҳои республика мерӯяд. Сиëҳгӯш гули зебо ва хушбӯй аст. Пояаш кӯтоҳ, сербарг, баргаш одатан досшакл. Дар ҳар пояи Сиëгӯш асосан 1—4- тоӣ гул мешукуфад. Дар шароити табиии Тоҷикистон навъҳои гуногунн Сиëҳгӯш аз январ то охирҳои баҳор гул мекунанд. Ғӯзааш сепалла, тухмаш мурудшакли ҷигарӣ. Санҷиш нишон дод, ки Сиëгӯш дар шароити шаҳри Душанбе хеле хуб нашъунамо меёбад ва аввалҳои баҳор саросар гул мекунад. Тухмаш охирҳои май мепазад. Тухмашро тирамоҳ мекоранд Баъд аз 4—5 соли кишт мешукуфад. Агар пиёзакашро шинонанд, тезтар гул мекунад.

М. Ҳошматов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …