Маълумоти охирин

СИЁҲЧАИ ҲОФИЗ

СИЁҲЧАИ ҲОФИЗ  Ҳофизи Сиёҳча (соли таваллуд ва ваоташ номаълум), ҳофиз, машшоқ ва бастакори асри 15 тоҷик. Дар Ҳирот ба дунё омада, санъати мусиқиро аз падараш Саиди Ҳофиз омӯхтааст.

Cиëҳчаи Ҳофиз дар  машшоқӣ ва сурудани соқиномаю ҷангномаҳо бо бузургтарин ҳофизони давраш Султонмуҳаммади Айшӣ, Ҳофизи Убаҳӣ, Ҳофизи Ҳасаналӣ ва дигарон ҳамсоя будааст. Сиëҳчаи Ҳофиз чандин савту амал, нақш, пешрав ва таронаҳоро ба зарбу усули мақомҳои «Ироқ», «Ушшоқ», «Рост» тасниф намудааст, ки «Савти Сиёҳча», «Амали Сиёҳча», «Нақши Ҳофиз», «Пешрави Сиёҳча» ва ғайра аз ҷумлаи онҳост. Сиëҳчаи Ҳофиз барои шогирдаш Шоҳҳусайни Ҳофиз ду асар бо номи «Нақши Ҳусайнӣ», «Амали Ҳусайнӣ»тасниф кардааст.

А. Раҷабов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …