Маълумоти охирин
Главная / Илм / СИЁҲАЛАФ

СИЁҲАЛАФ

СИЁҲАЛАФ, сияҳалаф, сеалаф, номи муштараки якчанд навъ пиёзи худрӯст. Пиёзакаш мудаввар (ғафсиаш 1—4 сантиметр), пояаш 20—90 сантиметр қад мекашад, баргаш борик ё васеи тасмашакл (бараш 1— 5 сантиметр), гули майдаи дуҷинса ва ғӯзаи сепалла дорад. Асосан дар минтақаи ҷангалзор, камари шахҳо ва соҳили рӯдҳои кӯҳӣ, нишебиҳои санглохи қаторкӯҳҳои Зарафшон, Ҳисор, Қаротегин, Вахш ва дигар (1000—3000 м аз сатҳи баҳр) мерӯяд. Барги Сиëҳалаф сервитамин аст ва чун сабзавот истеъмол мешавад.

С. Юнусов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …