Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СИХКАБОБ

СИХКАБОБ

sixkabob

СИХКАБОБ, як навъ таоми қадимаи тоҷикиро гӯянд, ки дар байни халқҳои Осиёи Миёна ва Кавказ низ маъмул аст. Пораҳои хурд-хурди гӯшти беустухонро (гӯсфанд, баъзан гов) бо намак, мурч (ё қаланфури кӯфта), бехпиёзи резакардашуда, зира, сирко ё оби лимӯ (мувофиқи табъ) омехта, дар зарфи чинӣ ё сирдор 2—3 соат нигоҳ медоранд. Баъд пораҳои гӯштро ба сихҳо гузаронида, ба болои ахтари кӯра мегузоранд. Ахгар бояд беаланга бошад ва сихҳо ҳар замон рӯйгардон карда шаванд. Сифрро баъди пухтан ба табақча гузошта, ба рӯяш кабудии реза ва сирко мепошанд. Ҳоло Сихкабоби устухондор, Сихкабобии ҷигарӣ (дилу гурдаро низ истифода мебаранд), Сихкабобии гӯшти мурғӣ (бедона, мурғобӣ ва ғайра) низ маъмуланд.

 

Адабиёт:        Аминов С, Внукевич А., Таомҳои тоҷикӣ, Душанбе, 1987.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …