Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / СИТОРАИ МОҲИ ХОССА

СИТОРАИ МОҲИ ХОССА

СИТОРАИ МОҲИ ХОССА, ёдгории меъморӣ, қасри сулолавии Манғитиён, ки 4 км дуртар аз Бухоро, сари роҳи Ғиждувон воқест. Сохтани Ситораи Моҳи Xоса дар аҳди Амир Насруллоҳ (1826—60) оғоз ёфтааст. Бунёди қаср ва боғи хушманзараи атрофи он ба давраи ҳукуматдории Абдулаҳад (1885—1910) рост меояд. Ба сохтмони қаср меъмори тоҷик Ҳоҷӣ Тафиз сарварӣ намудааст. Дар замони ҳукмронии амир Олимхон (1910—20) қасри дигар буньод гар- дида, комплекси меъморӣ ба қасри нав ва кӯҳна (қасри Абдулаҳадхон) ҷудо шуд. Қасри кӯҳна се ҳавлии хиштфарш ва хонаҳои зиёдро дар бар мегирад. Аз байни онҳо меҳмонхонаи амир Музаффар (1860—85), ки толори баланду васеъ, ду айвони болохонадор, дару тиреааҳои европоӣ сохт дорад, махсусан дилпазир аст. Тасвирҳои рӯидеворӣ ва тазйиноти меҳмонхона ҷаззобапд. Толори қасри Абдулаҳадхон шакли мураббаъ дошта, аз се қиом иборат аст. Ду хонаи рӯбарӯи ороишашон якхела тавассути шаҳсуфаи балаиди дар мобайнбуда бо ҳам пайваст шудаанд. Дар қисми ғарбии суфа тахт ҷойгир аст. Толорҳои Абдулаҳадхон ва Музаффархон аз рӯи таайинот ва нақшунигор ба ҳам қаробат доранд.

sitorai-mohi-xosa-03

  Қароргоҳи дар давраи амир Олимхон буньёдшуда (қасри нав, 1912—14), ки қисми шарқии Ситораи Моҳи Хосаро дар бар мегирад, дорои қимати баланди бадеист. Ба он тавассути дарвозаи аҷоиб сохти бо кошӣ ва шишаҳои ранга оро ёфта ворид мегарданд. Дар дохили қароргоҳ ҳавлӣ, дар қисми ҷануби ғарбии он хазинахона, дар қисми ҷануби шарқиаш дарвозаи ҳарам Ҷой гирифтааст. Ҳарам дар шафати боғ буда, ҳавз ва ҳавлии хурд дорад. Атрофи он бо иморати баланд иҳота шудааст. Қасри нав шакли ҳарфи П-ро дошта, дар бандубаст, ороишот ва ҷиҳозҳои он (тирезаҳои васею калон, оинаҳои рангаи аз Россия овардашуда, печҳои голландии кошикорӣ, оинаҳои барқади хона ва ғайра) услуби шарқӣ ва европоии меъморӣ омезиш ёфтаанд. Ҳавзи мармарини зинадораш дорои қимати баланди меъморист. Дар назди қароргоҳ устои сангтароши нуратоӣ Абдураҳим Турдиев ҳайкали мармарини ду шерро офаридааст. Дар сохтани аксари хонаҳои Ситораи Моҳи Xоса устоҳои рус низ иштирок доштанд. Танҳо ду толор Қасри Сафед ва қабулхонаи рӯ ба рӯи он комилан аз тарафи устоҳои маҳаллӣ бунёд шудаанд. Дар ин биноҳо санъати кандакорию гачкории устоҳои бухороӣ зоҳир мешавад. Шифт ва деворҳои Қасри Сафед бо гулгач пардоз ёфтаанд. Деворҳои толор бо намояҳо, асоси чамояҳо бо оина ва рӯяшон бо нақшҳои гачкорӣ оро ёфтаанд. Нақшҳои Қасри Сафедро бо сарварии Усто Ширин Муродов офаридаанд. Қабулхонаро Ҳасанҷон ном наққош оро додааст. Инчунин дар тазйиноти қаср (кандакории чӯо) Усто Шарифи меъмор ва Абдураҳим Ҳаётов ипггирок иамудаанд. Ҳоло дар Ситораи Моҳи Xоса Музеи вилоятии таърихӣ-кишваршиносии Бухоро, хонаи истироҳат ва санаторияи бачаҳо ҷой гирифтаанд.

sitorai-mohi-xosa-01

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …