Маълумоти охирин
Главная / Илм / СИТОРАИ ҚУТБ

СИТОРАИ ҚУТБ

СИТОРАИ  ҚУТБ, ситораи қутбӣ, а-и Дубби Асғар, ситораи равшанест, ки қадри ситоравиаш ба 2 баробар аст. Дар наздикии Қутби Шимолии олам воқеъ гардидааст ва аз ҳамин сабаб барои муайян кардани самти Шимол ва арзи география мавзеъ қулай мебошад. Дар осмон Ситораи қутбро аз рӯи схемаи дар расм нишопдодашуда ёфтан мум- кнн аст. Бо ёрии эфемерид, ки дар солномаҳои астровомӣ чоп мешавад, аз рӯи Ситораи қутб қиматҳои аниқи азимут ва аран маҳалро муайян мекунанд.

Ситораи қутб ситораи сегона аст; компоненти дурахшони ситораи қутб ситораи тағйиробанда — мултаҳиба аст, ки амплитудаи тағйирёбии тобишаш ба 0,14 қадри ситоравӣ ва давраш тақрибан ба 4 шаборӯз баробар мебошад.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …