СИТОРАИ ДУМДОР номи халқии комета. Намоён шудани онро қадимиён аломати рӯй додани ягон ҳодисаи наҳс медонистанд. Дар ашъори шоирони классикии форс-тоҷик Ситораи думдор чун рамзи бадӣ ва бехосиятӣ истифода шудааст.
Мисвоки зоҳид аз сари ӯ дур мекунам,
Дандони ин ситораи думдор мекашам.
(Сайидо)