Маълумоти охирин
Главная / Илм / СИТОРАҲОИ ДУҚӮША

СИТОРАҲОИ ДУҚӮША

star-5

СИТОРАҲОИ ДУҚӮША, ду ситораи ба ҳам хеле наздикро гӯянд, ки дар фазо як системаи физикио томро ташкил медиҳанд ва бо якдигар бо қуъваҳои ҷозибаи мутақобила алоқаманданд. Компонентаҳо дар гирди маркази умумии масса аз рӯи мадори эллипсӣ давр зада якҷоя дар Галактика ҳаракат мекунанд. Ситораи дуқӯша ҳолати хусусии ситораҳои карагӣ мебошанд. Ситораи дуқӯша асосан се хел мешаваяд: ситораҳои зоҳиран дуқӯшаи визуалӣ, ситораҳои спектраи дуқӯша (дуқӯша будани ситораро дар натиҷаи таҳлили спектрӣ муайян мекунанд) ва ситораҳои хусусан дуқӯша (кошюиентаҳои онҳо якдигарро даврӣ паноҳ мекунанд). Баъзан дуқӯша будани ситораро аз рӯи шектри мураккаби он ё ҳаракати хусусии комлонентаҳо муайян кардан мумкин аст. Агар Ситроаи дуқӯшаи номбурда системаи физикиро ташкил диҳанд, онҳоро ситораҳои физикаи дуқӯша меноманд. Ситораҳое, ки дар асл аз ҳам хеле дуранду дар сферап осмон ба назари мушоҳид наздик метобанд ииз як иавъи Ситораи дуқӯша мебошаид. Ин гупа Ситораи дуқӯша бо мурури замои аз ҳам хеле дур шуда мераванд. Чунин систамаҳоро снтораҳои оптикан дуқӯша меноманд. Шумораи Ситораи дуқӯша ҳозир (1985) аз 60 ҳазор зиёдтаранд. Алҳол даҳ ҳазор Ситораи дуқӯша мунтазам мушоҳида мешаванд. Мадори каҷ доштанл компонетаҳоп эиёда аэ 500 Ситораи дуқӯша муайян шудааст. Компонентаҳои Ситораи дкқӯша аз рӯи қонунҳои механикаи осмонӣ ҳаракат мекунанд: экссентриситет ва мадори ҳаракати ҳар ду компонентаи Ситораи дуқӯша дар атрофи маркази умумии масса қариб ба ҳамдигар монанданд. Даври чархзании зоҳирии Ситораи дуқӯша  аз чанд сол то садҳо ҳазор сол аст.

Равшаноин ситораҳои хусусан дуқӯша даврӣ тағйир ёфта меистад. Ба вақти графикӣ вобаста будани равшаноии Ситораи дкқӯшаро тартиб дода элементҳои мадор, массаи компонентаҳо ва радиуси онҳоро ҳисоб кардан мумкин. Бо усулҳои фотометрин ҳозира бисьёр сифатҳои Ситораи дуқӯша ошкор гардиданд. Тахмин меравад, ки дар олами ситораҳо нисбат ба Ситораи дуқӯша ситораҳои алоҳида (масалан, Офтоб), хеле камшуморанд. Доир ба пайдоиши Ситораи дкқӯша фарзияҳои бисёр мавҷуданд: тақсимшавии ситора ҳангоми вайрон шудаин устуворип ситора дар натиҷаи дар атрофи меҳвар босуръат чарх заданаш; аз тарафи як ситора ҷазб шудани ситораи нпсбатан хурд ва ғайра. Вале ақидаи дар як вақт ва дар як ҷой пайдо шудани компонентаҳои Ситораи дкқӯша ба ҳақиқат наздиктаранд. Нигаред низ Ситораҳо.

                                                                                                   В. Сотиволдиев.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …