Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Дарёи СИСЗЯН

Дарёи СИСЗЯН

sitszyan

СИСЗЯН, дарёест дар ҷануби Хитой. Тӯлаш 2130 км, масоҳати ҳавзааш 437 ҳазор км2 (аз ҷумла тақрибан 11 ҳазор км2 дар территорияи Ветнам). Саргаҳаш дар куҳсори Юниан. Баъди ҳамроҳшавии дарёҳои Юсаяни дар наздикии шаҳри Наннин (Ветнам) Сисзян ном мегирад. Дарё ба масофаи зиёд аз канори ҷанубии кӯҳҳои Нанлин  ҷорӣ шуда, дараҳои танг ва пастиҳои камбарро бурида мегузарад. Сисзян бо дарёҳои Бэйсэян ва Дунсэян як шуда делтаи умумиро (масоҳаташ 16,9 ҳазор км2) ташкил медиҳад ва дар наздикии шаҳри Асмин ба баҳри Ҷануби Хитой мерезад. То шаҳри Учжоу киштигард мебошад. Дар делтаи дарьё бандари баҳрии Гуапчжоу (Кантоп) воқеъ аст.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …