Маълумоти охирин
Главная / Биология / СИСТЕМАТИКА

СИСТЕМАТИКА

СИСТЕМАТИКА дар биология, илмест, ки гуногунии ҳамаи организмҳои мавҷуда ва мунқариз, муносибати байни ҳамдигарӣ ва алоқаи хешии байни гурӯҳҳои (таксонҳои) гуногуни онҳо — популятсия, намуд, ҷинс, оила, қатор, синф, тип ва ғайраро тавсиф менамояд. Мақсади асосии Систематика бо роҳи муқоиса муайян кардани ҷиҳатҳои хоси ҳар як намуд ва ҳар як таксони дараҷаи нисбатан баланд ва ошкор намудани ҷиҳатҳои муштараки онҳо мебошад. Систематика ҳангоми бунёд намудани (тасни- фоти) пурраи олами органикӣ ба принсипи эволютсионӣ ва маълумоти ҳамаи илмҳои биологӣ такя мекунад. Систематика аҳамияти калони илмӣ ва амалӣ дорад. Вай баробари дар системаи олами органикӣ муайян кардани ҷои ҳар як организм имкон медиҳад, ки кас бо гуногунии мавҷудоти зинда шинос шавад.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …