Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Системаи кӯҳи Олтой

Системаи кӯҳи Олтой

Олтой (ба забонҳои туркӣ ва муғулӣ алтан — заррин), системаи кӯҳиест дар Осиё, дар территорияи СССР, РХМ ва Хитой. Дар Шимоли Fарб аз ҳамвории Сибири Ғарбӣ (812 т. ш) cap шуда, дар Ҷануби Шарқ то ҳамвории Гоби (106° т. ш.) ба масофаи 2000 километр тӯл кашидааст. Қаторкӯҳҳои Олтой ба қисмҳо ва шохаҳои зиёде тақсим шудаанд. Қуллаи баландтаринаш (Белуха — 4506 метр) дар қисми ғарбӣ воқест.

Олтой ба Олтои Аслӣ ё Советӣ, Олтойи Гоби ва Олтойи Муғул ҷудо мешавад. Олтои Советӣ дар кишвари Олтои РСФСР ва вилояти Қазоқистони Шарқии Республикаи Советии Сотсиалистии Қазоқистон ҷойгир аст. Дар Шимол онро ҷариҳо аз ҳамвории Сибири Ғарбӣ чу­до мекунанд. Дар Шарқ ва Шимоли Шарқ бо Олтойи Муғул, Саяни Ғарбӣ ва кӯҳҳои ҳавзаи дарёи Лебед пайваст мебо- шад. Олтойи Гоби давоми Олтойи Муғул буда, дар территорияи РХМ ҷойгир шудааст. Тӯлаш 500 километр, баландиаш 1500—2500 метр, нуқтаи аз ҳама балан- даш 3957 метр.

Олтой кишвари кӯҳии мураккабу чиндор аст, ки аз табақаҳои ҷинсҳои терригенӣ, карбонатӣ ва вулқонӣ, инчунин ҷинсҳои интрузивӣ таркиб ёфтааст. Ин ҷинсҳо аз охирҳои протерозоӣ то давраи карбон пайдо шудаанд. Аз рӯи сохти геологӣ ва таърихи инкишофи гео­логӣ Олтойро ба ду қисм чудо мекунанд: Олтойи каледонӣ (Олтои кӯҳӣ), ки қисми шимоли шарқии территорияи Олтойро ишғол мекунад; Олтои герсинӣ—Олтои Ҷануби Ғарбӣ (Олтои Маъдандор ва Ҷанубӣ).

Олтой аз сарватҳои зериза­минӣ бой аст. Дар Олтои Кӯҳӣ маъда­ни оҳан, симоб, тилло, металлҳои нодир ва дар Олтои Маъдандор металл- ҳои асил ва ранга мавҷуданд. Рел­ефи кӯҳии Олтой пас аз орогенези герсинӣ пайдо шуда, дар давоми мезо­зой ҳамвор шудааст. Дар охири па­леоген просесси баландшавии кӯҳҳо аз нав оғоз ёфта, дар охири нео­гену аввали антропоген авҷ гирифтааст.

Кафидаҳои қадима ва нав боиси ҷойивазкунии замин ва ниҳоят боиси пайдоиши релефи мураккаби ҳозира гардиданд. Дар ташаккули релеф яхбандиҳои давраи чорумин ва эро­зияи дарёҳо роли қалон бозидаанд. Қаторкӯҳҳои баландтарин (зиёда аз 3200 —4000 метр)—Катун, Чуяи Шимолию Ҷанубӣ ва ғайра дар қисми марказӣ ва щарқии Олтои Советӣ воқеанд. Онҳо нишебиҳои ростфуромада, теғаҳои шахдор, қуллаҳои сершумори дастнорас доранд.

Дар Шимол ва Ғарб қаторкӯҳҳои ба Олтой хоси баландиашон миёна (1500—2500 метр) ҷой гирифтаанд, ки теғаҳояшон ҳамвор ва нишебиҳояшон ростфуромадаанд. Аксари қаторкӯҳҳоро хамиҳои калони тектоникии байникӯҳӣ («даштҳо») аз ҳам ҷудо мекунанд. Иқлими Олтой— континентӣ. Зимистонаш хунуки давомнок.

Ҳарорати моҳи январ аз —15°Селсия то —28, —32° Селсия (дар дашти Чуя ҳарорат ҳадди ақал — 60°Селсия). Тобистони баландкӯҳҳо кӯтоҳмуддат ва салқин; ҳарорати миёнаи июл дар минтақаҳои баландиашон 1000 метр аз 14, 16° Селсия зиёд нест. Олтой ноҳияи нисбатан сербориш аст. Боришоти со­лона дар нишебиҳои ғарбӣ ва шимоли шарқӣ то 800—1200 миллиметр (дар баъзе ҷойҳо то 2000 миллиметр) ва дар Ҷануби Шарқ то 200—300 миллиметр (дашти Чуя то 100 миллиметр). Дар кӯҳҳои баланд бештар аз 1000 пирях (майдони умумиашон зиёда аз 800 километр2) мавчуд аст.

Дар Олтой дарёҳо бисёранд. Манбаи онҳо барфу борон; баҳору тобистон обхез мешаванд. Дарёҳои пуробу калонтарин: Катун, Бухтарма, Бия, Чуя. Зиёда аз 3500 кӯл ҳаст, калонтарини онҳо: Телес ва Марқакул. Ландшафтҳои Олтой— даштҳои кӯҳӣ, бешаҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳӣ. Даштҳои кӯҳӣ асосан ба доманакӯҳҳо ва кӯҳҳои паст (дар Шимол то 500— 600 метр, дар Ҷануб то 1000—1500 метр) хосанд. Дар хамиҳои беоби қисми марказии Олтой низ растаниҳои даштӣ ме- рӯянд.

Ландшафти кӯҳӣ қариб 70%’ территорияи Олтойро фаро гирифтааст. Бешаҳо махсусан дар кӯҳҳои паст ва балан­диашон миёна (дар шимол 1700— 2000 метр, дар қисмҳои марказӣ ва шарқӣ 2200—2450 метр) паҳн гаштаанд. Ландшафти баландкӯҳ танқо ба қаторкӯҳҳои ниҳоят баланд хос аст. Марғзорҳои сералафи он чарогоҳҳои хеле хубанд. Дар бораи иқтисодиёти Олтой нигаред мақолаҳои Олтой (кишвар), Қазоқистони Шарқӣ,вилоят) ва Кӯҳистони Олтой (вилояти Автономӣ).

Тадқиқи табиати Олтой дар асри 18 аз тарафи олимони рус cap шуда буд. Соли 1842 П. А. Чихачёв, 1844 Г. Е. Шуровский ва як гурӯҳ инженерони дигар тадқиқотҳои геологӣ бурданд. Соли 1826 К. Ф. Ледебур флораи Олтойро омӯхт. Экспедисияҳои В. А. Обручев ва тадқиқотҳои В. В. Са­пожников натиҷаҳои муҳим доданд. Дар давраи советӣ геологҳои Вазорати геология, олимони Университети Томск ва экспедисияҳои Академияи Фагнҳои СССР ба омӯзиши ҳаматарафаи Олтой машғуланд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …