Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Системаи кӯҳӣ Нанишан

Системаи кӯҳӣ Нанишан

Нанишан Тсиляншан, с и с т е м а и кӯҳӣ дар Осиёи Марказӣ, дар Хитой. Аз Шимолу Шарқ бо хамии Тсайдам ва аз Ҷанубу Ғарб бо биёбони Ала- шан ҳамҳудуд аст. Тӯлаш қариб 800 км, бараш то 320 км. Аз якчанд Қаторкӯҳҳо иборат буда, онҳоро водиҳои васеъ аз ҳам ҷудо кардаанд. Қатрокӯҳҳои асосиаш: Тсиляншан, Таоайшан, Сулэваншан. Ҷои аз ҳама баландаш 6346 м. Нанишан асосан аз варақсангҳои кристаллию гилии па­леозой ва регсангу оҳаксангҳои ме­зозой таркиб ёфтааст. Дар аксари мавзеъҳои оҳаксангдор релефи карсти дида мешавад. Нанишан қариб 1000 пирях дорад, ки қисми зиёди онҳо дар нишебиҳои шимолӣ ҷо гирифтаанд. Дарёҳои калони ин ҷо: Сулэхэ, Жошуй, Бухин-Гол. Ландшафти қисми ғарбии Нанишан то баландии 3000 м. биёбонӣ ва даштҳои хушк, болотар аз он марғзору тундраи кӯҳӣ, аз 4000 м болотар минтақаи пиряҳҳо ва барфҳои доимист. Ландшафти қисми шарқиаш даштӣ ва бешадаштӣ бу­да, то баландии 3000 м ҷо – ҷо бешаҳои дарахтони қарағай ва ғайра мерӯянд. Нанишан конҳои маъдани оҳан ва по- лиметаллӣ дорад. Нанишанро дар охири асри 19 асосан тадқиқотчиёни рус Нанишан М. Пржевалский, Г. Н. Потанин, Г. Е. Грумм-Гржимайло ва В. А. Обручев тадқиқ кардаанд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …