Маълумоти охирин
Главная / Биология / СИСТЕМАИ АСАБ

СИСТЕМАИ АСАБ

СИСТЕМАИ АСАБ, асабия, маҷмӯи ташкилаҳо (асабҳо, уқдаҳо, узвҳои ҳис, майнаи организми ҳайвонот ва одамро гуянд, ки таъсиротро дарк, таҳлил ва ба узвҳо нақл карда, реаксияҳои ҷавобии мутобиқшавии организмро ба амал меорад, ҳамаи функсияҳои организмро дар таъсири мутақобила бо муҳит танзим карда, фаъолияти организмро ба он мувофиқ мегардонад. Системаи асаб асосан аз бофтаҳои ҳассоси асаб ташкил ёфтааст.

Соддатаринҳо Системаи асаб надоранд, вале баъзе патакчаҳо тӯрчаи дохилиҳуҷайравие доранд, ки вазифаи ба дигар қисмҳои ҳуҷайра гузаронидани ҳаяҷонро иҷро мекунад. Системаи асаби рӯдаковокон (гидра) аз ҳама соддатар буда, Системаи асаби муинашир (диффузӣ) номида мешавад. Дар чунин Системаи асаб ҳуҷайраҳои асабӣ ба воситаи шохаҳои худ ба шабакае, ки ҳаяҷонро ба ҳамаи самтҳо паҳн менамояд, пайваст мешавад.

Дар рӯдаковокони озод ҳаётгузаронанда маҷмуи ҳуҷайраҳои асаби дар чуқуриҳои тана уқдаҳо (ганглияҳо) ҳосил карда, бо шохаҳо (торҳои асабӣ) пайваст мешаванд. Чунин намуди Системаи асабро мунташирӣ-уқдавӣ меноманд. Ин намуди Системаи асаб нисбатан ҳассосу ихтисосӣ буда, ҳаяҷонро ба самтҳои муайян мегузаронад. Дар Системаи асаби уқдавт ҳуҷайраҳои асабӣ дар уқдаҳо муттаҳид гашта бо ҳамдигар бо торҳои асаб, ресепторҳо ва узвҳои коркун пайваст шудаанд. Дар байни уқдаҳои асабии ин намуди Системаи асаб функсия тахсис ва мураккаб мешавад. Яъне соҳиби ахбори муайян, гиреҳҳои муайян шуда, уқдачаҳои атрофро ба уқдаҳои марказӣ тобеъ мегардонанд. Системаи асаби ҳайвоноти мӯҳрадор аз Системаи асаби бемӯҳраҳо ба куллӣ фарқ мекунад ва ба системаи марказӣ ва атрофӣ (периферӣ) ҷудо мешавад. Системаи марказии псаб аз ҳароммағз ва мағзи сар иборат аст.

Системаи асаби ширхӯрон ба дараҷаи олии тараққиёти худ расидааст. Воҳиди таркибӣ ва функсионалии Системаи асаб нейрон мебошад, ки аз танаи ҳуҷайраҳои асаб ва шохаҳои он (аксон ва дендритҳо) иборат аст. Нейронҳо вазифаи қабул, таҳлил ва интиқоли ҳаяҷон ва ба амал овардани реаксияро иҷро менамоянд.

Фаъолияти Системаи асаб дар асоси ду просесс — таҳайюҷ (паҳншаванда ва паҳннашаванда мешавад) ва тасаккун ба амал омада, дар шакли рефлекс зоҳир мегардад. Системаи асаби атрофӣ аз асабҳои аз майна ва майнаи ақиб оғозёбанда ва торҳои асаби ба воситаи ҳароммағз аз уқдаҳою шӯъбаҳои атрофии системаи асаби вегетативӣ бароянда иборат аст. Асабҳои димоғӣ (магзисарӣ) аз сӯрохиҳои ҷумҷума берун мебароянд. Моҳиҳо, обхокиҳо ва хазандаҳо 10—11 ҷуфт, ширхӯрону одам 12 ҷуфт асабҳои димоғӣ доранд. Таркиботи Системаи асаб таъсиротро ҳис карда, энергияи таъсиротро ба энергияи таҳайюҷи асаб табдил медиҳад ва он энергия дар шакли таҳрикоти асабӣ аз торҳои асаб мегузаранд. Дар Системаи асаб низ мисли тамоми организм мубодилаи модда мегузарад. Дар натиҷаи просесси биохимиявӣ энергия ҳосил шуда, кори торҳои асаб ба низом медарояд.

Дар фаъолияти Системаи асаб (аз як нейрон ба нейрони дигар гузаронидани таҳрикот) моддаҳои фаъоли физиологӣ — медиаторҳо роли муҳим мебозанд. Дар фаъолияти Системаи асаб роли биотокҳо низ калон аст. Онҳо аломати хоси просесси таҳайюҷ буда, дар гузаронидани таҳрикот аҳамияти калон доранд. Системаи асаб фаъолияти ҳаётии организмро ба тартиб медарорад. Аз он ҳамаи ҳиссиёт, тафаккур ва тасаввурот дар бораи олами реалӣ ташаккул меёбад. Шаклҳои гуногуни эҳсосот, нутқ, тафаккур ва дигар функсияҳои олӣ бо Системаи асаб зич вобастааст. Ин фаъолиятро механнзмҳои ҳассоси физиологӣ — асабҳо ба амал меоранд. Сохт, функсия ва инкишофи Системаи асаби одамро неврология меомӯзад.

А. М. Пӯлодов.

Инчунин кобед

saharoza

САХАРОЗА

САХАРОЗА, қанди найшакар ё лаблабу, яке аз муҳимтарин дисахаридҳост, ки дар ҳамаи растаниҳои фотосинтезкунанда мавҷуд …