Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СИЛСИЛАИ СТАНСИЯҲОИ ЭЛЕКТРИИ ОБӢ

СИЛСИЛАИ СТАНСИЯҲОИ ЭЛЕКТРИИ ОБӢ

СИЛСИЛАИ СТАНСИЯҲОИ ЭЛЕКТРИИ ОБӢ, як гурӯҳ стансияҳои электрии обиро гӯянд, ки қад-қади маҷрои дарë паи ҳам сохта шуда, режими ягонаи хоҷагии об доранд. Сохтани Стансия ба пурра истифода бурдани захираи энергетикии дарë, баланд бардоштани дараҷаи танзими миқдори об имконият медиҳад, ки ин ба зиёд шудани иқтидори Гидро Электро Стонсия ва коркарди энергияи электр, беҳтар гардидани шароити истифодаи иқтидори Гидро Электро Стансияҳои ҷудогона мусоидат мекунад. Сохтмони Стансия дар дарëо барои нақлиёти обӣ имконияти мусоид фароҳам меорад. Дар СССР азимтарин Стансия силсилаи Гидро Электро Стансияҳои Дарëҳои Енисей (8 ГЭС), Ангара (6 ГЭС), Волга (8 ГЭС), Днепр (6 ГЭС), Вахш (6 ГЭС), Кама (4 ГЭС) мебошанд. Стансияи Вахш ГЭС-ҳои Шаршара, Марказӣ, Сарбанд, Норак, Роғун,  Шӯроб, Сангтӯдаро дар бар мегирад. Иқтидори умумии Стансияи Вахш беш аз 8 млн 700 ҳозор кВт хоҳад шуд. Дар дарëи Панҷ бунёд кардани Стансия дар назар дошта шудааст, ки иқтидораш ба 16 миллион кВт мерасад. Калонтарин Гидро Электро Стансияи ин силсила Гидро Электро Стансияи Даштиҷум (5,5 миллион кВт) хоҳад шуд.

С. Ҷураев.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …