Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СИСАКЯН Норайр Мартиросович

СИСАКЯН Норайр Мартиросович

СИСАКЯН Норайр Мартиросович (25. 01. 1907, шаҳри Аштараки РСС Арманистон —12. 3. 1966, Москва), биохимики советӣ, академики АФ СССР (1960; аъзо- корреспондент 1953), академики АФ РСС Арманистон (1965; аъзо-корреспондент 1945). Аъзои КПСС аз соли 1937. Академияи хоҷагии қишлоқи ба номи К. А. Тимирязеви Москваро хатм кардааст (1932). Аз соли 1935 корманди Институти биохимияи ба номи А. Н. Бахи АФ СССР ва солҳои 1959—63 академик- котиби Шӯъбаи биологияи АФ СССР (аз 1960 аъзои Президиум). Соли 1963 саркотиби илмии Президиуми АФ СССР ва аз соли 1965 ноиб-президенти Академияи астронавтии байналхалқӣ буд. Асарҳои илмии Сисакян ба омӯзиши қонуниятҳои ҳаракати моддаҳо дар просесси мубодилаи моддаҳо, биохимияи хушкитобоварии растаниҳо, биохимияи техникӣ, биологияи коинот оиданд. Ба кратере дар Моҳ номи Сисакян гузошта шудааст. Лауреати Мукофоти давлатии СССР (1962), Мукофотҳои ба номи А. Н. Бах (1950, 1966) ва ба номи И. И. Мечников (1951)-и АФ СССР. Бо 4 орден ва медалҳо сарфароз гардидааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …