Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СИРОҶИДДИНОВ Бурҳон Ҳасанович

СИРОҶИДДИНОВ Бурҳон Ҳасанович

СИРОҶИДДИНОВ Бурҳон Ҳасанович (таваллудаш 24. 12. 1917, шаҳри Конибодом), ходими ҳарбӣ генерал-майор (1965).

Аъзои КПСС аз соли 1944. Факултети физикаю математикаи Институти давлатии педагогии Фрунзеро хатм кардааст (1939). Аз соли 1939 дар сафҳои Армияи Советӣ. Мактаби полки Ростови Донро ба охир расонд (1940). Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Фронти Ғарбӣ барои Смоленск ва Москва ҷангида, ҳамчун командири взводи артиллерӣ дар Фронти 2-юми Белоруссия баҳри аз фашистон озод кардани Белоруссия, Полша ва Пруссияи Шарқӣ иштирок намуд, баъдтар ҷонишини сардори штаби бригадаи артиллерӣ таъин шуд. Дар Мактаби олии артиллерии Коломна таҳсил кард (1945). Солҳои 1946—1949 муаллими Омӯзишгоҳи артиллерии Тошкент. Баъди хатми Институти ҳарбии Москва (1954) дар ПВО-и Тошкент хизмат кард, сипас сардори Штаби ПВО-и Ӯзбекистон буд. Аз соли 1960 дар ҳайати роҳбарияти қушунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии СССР. Бо орденҳои Револютсияи Октябр, Байрақи Сурхи Меҳнат, ордени Ҷанги ватанӣ (дараҷаҳои 1 ва 2) ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …