Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / СИРОҶӢ Ҷамолуддин Муҳаммад ибни Алӣ

СИРОҶӢ Ҷамолуддин Муҳаммад ибни Алӣ

СИРОҶӢ Ҷамолуддин Муҳаммад ибни Алӣ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири форс-тоҷик (асри 12). Ба қавли Авфӣ «…шамъи ҷамъи афзоил буд ва бадри сипеҳри фавоил…». Аз анвои шеър бештар ба қасида майл дошт. Тасвири манзараҳои табиат, фаро расидани рӯзу шаб, авсофи зебонҳои маъшуқа ва ғайра мавзӯъҳое, мебошанд, ки қасидаҳои Сироҷӣ бо онҳо оғоз ёфта, бо ду-се байти мадҳӣ ба поён мерасанд. Аз санъатҳои бадеии шеърӣ — маҷоз, ташбеҳ, истиора, муболиға ва ғайраро моҳирона истифода бурдааст. Абёти зерин намунае аз як қасидаи Сироҷӣ мебошанд:

Дӯш гардун дар сифат баҳре муаллақ менамуд,

Моҳи нав бар вай чу зарандуда заврақ менамуд.

Шакли ҷурми ӯ миёни лавни ёқутин шафақ,

Ҷоми заррине пур аз хамри мураввақ менамуд.

М. Диловаров.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …