Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / СИРКИ ТОҶИК

СИРКИ ТОҶИК

cirk

ЦИРКИ ТОҶИК, санъати Цирки тоҷик таърихи қадима дошта ба ҷараёни меҳнату маишат, анъанаю маросимҳои халқӣ, санъати мусиқӣ ва хорео­графия робитаи зич дорад. Рақсҳои пантомима («Шамшербозӣ», «Уқоббозӣ», «Рўбоҳбозӣ») ва рақсҳои ифодакунандаи шуҷоату мардонагӣ («Шамшербозӣ», «Калтакбозӣ», «Оташбозӣ»), инчунин гӯштингирӣ, аспдавонӣ, қувваозмоии паҳлавонон барин машқҳои мураккаби ҷисмонӣ дар пайдоиши Цирки тоҷик нақши муҳим доштанд. Ҳунари артистони халқӣ — дорбозон, масхарабозон, найрангбозон, зочабозон, чашмбандон, табақбозон, пойчӯбинбозон ва ғ. заминаи инкишофи цирки миллии тоҷикро ниҳодаанд. Барои ташаккули цирки касбии тоҷик санъати цирки рус ва диг. республикаҳои бародарӣ мусоидат карданд. С. 1968 бо қарори Вазорати маданияти республика студияи Цирки тоҷик кушода шуд.  Ҳайати асо­сии Цирки тоҷик аз ҳисоби ҳаваскорон, спортсменҳои разряднок ва артистону ходимони цирк пурра гардид. 22. апр. 1970 дар Душанбе баромади кол­лективии цирки касбии тоҷик «Наврӯз» баргузор шуд. Унсурҳои мил­лӣ хусусан дар номераҳои «Бозиҳои халқии тоҷкиӣ» (В. Валиев), «Дутари кӯзабадаст» (М. Қодирова), «Корвони Помири баландкӯҳ» (атракциони П. Юсупов), «Бачаҳои харсавор» (Р. Алиев), «Дӯстон» (Н. Али­ева) ва ғ. равшан таҷассум ёфтааст. Цирки тоҷик қариб 20 номераи пурмазмуну шавқовар — этюдҳои акробатӣ (Р. Қосимова ва Д. Бойқадамова), гимнастикаи ҳавоӣ (хоҳарон Қурбоноваҳо), рақси рўи сим (Т. Яқубов ва Р. Рисқулова), интермедияҳои ҳавоӣ (С. Ҳомидов) ва ғ.-ро дар бар мегирад ки онҳо маҳорат, ҷасорат, чолокӣ, нотарсӣ, устокорӣ ва нафосату зебоии ҷисмонии артистони Цирки тоҷикро намоиш медиҳанд. Барои ташаккул ва инкишофи Цирки тоҷик Арт. Халқии РСС Тоҷикистон, С. Беҳбудӣ, Арт. Хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон Н. Алиева ва диг. саҳми арзанда гузоштанд.

С. Меробшоев.

sirki-dushanbe

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …