Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СИРИШК Муҳаммадризои Шафеи Кадканӣ

СИРИШК Муҳаммадризои Шафеи Кадканӣ

СИРИШК Муҳаммадризои Шафеи Кадканӣ (таваллудаш 1939, деҳаи Кадкарк остони Хуросон), шоир ва адабиëтшиноси эронӣ. Дар Машҳад таҳсил кардааст. Пас аз хатми таҳсил ба Теҳрон рафта, дар донишгоҳи Теҳрон ба тадрис машғул гардид. Ашъори Сиришк ҳам дар сабки классикӣ ва ҳам дар равияи шеъри озод эҷод шудаанд. Ӯ муаллифи панҷ маҷмӯаи ашъор аст: «Шабхонӣ» (1966), «Замзамаҳо» (1966), «Забони барг» (1969), «Дар кӯчабоғҳои Нишопур». Дар шеъри Сиришк бештар зебонҳои табиат ситоиш шудааст. Ӯ ба табиати деҳот, ба зиндагии он ҷо, ки нисбат ба шаҳрҳои пурваҳшат софу содда ва бемакру риёст, дилбастагии зиëде дорад. Шоир борҳо ба муносибати инсон ва табиат рӯ оварда, таъкид менамояд, ки табиат модари инсон аст ва бояд мисли гавҳари чашм нигаҳбонӣ шавад. Сиришк муаллифи як зумра мақолаву рисолаҳои илмист.

Ф. Наҷмонов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …