Маълумоти охирин

СИР

  СИР, дарозтарин ва серобтарин (баъди дарëи Аму) дарёест дар Осиёи Миёна. Аз якшавии дарëҳои Норин ва Қародарё ба вуҷуд омада, ба баҳри Арал мерезад. Тӯлаш 2212 км, аз саргаҳи Норин—3019 км. Ҳавзаи Сир аз Ҷануби Шарқ ба Шимоли Ғарб тӯл кашидааст; қисми ҷануби шарқиаш кӯҳсор, шимоли ғарбиаш ҳамворӣ. Масоҳати ҳавзаашро 219 ҳазор км2 ҳисоб мекунанд. Ҳавзаи Сир дарёю канал ва коллекторҳои бисёре дорад (тӯли каналу коллекторҳо нисбат ба тӯли дарёҳо афзунтар аст). Дарëҳои Норину Қародарё чун Сир аз дарёбоди васеи водии Фарғона ҷорӣ мешаванд. Аксари шохобҳои дарё (аз рост — Косонсой, Ғовасой ва Чодаксой, аз чап — Исфайрамсой, Шоҳимардон, Сӯх, Исфара ва Хоҷабоқирғон) аз кӯҳҳо сар шуда, бинобар он ки барои обёрӣ сарф мешаванд ва дар конусҳои селовард гум шуда мераванд, то Сир рафта намерасанд. Аз дарёҳое, ки ба сӯи водӣ ҷорӣ мешававд, қариб 700 канал ва аз худи Сир 50 канал об мегиранд. Калонтарини онҳо — Канали Калони Фарғона, Канали Калони Андиҷон ва Канали Шимоли Фарғона (аз дарëи Норин); Андиҷон, Шаҳрихон, Савай (аз Қародарё); Канали ба номи Охунбобоев (аз дарëи Сир). Сир ҳангоми аз водии Фарғона баромадан кӯҳҳои Фарҳодро миёнбур карда, ба самти Шимоши Ғарб тоб мехӯрад ва аз дарёбоди васеи (10— 15 км) каму беш ботлоқзор ҷорӣ мешавад. Дар қисми ҳамвори ҳавзааш дарё камоб мешавад, чунки бештари оби онро барои обёрӣ истифода мебаранд. Сарфи бисёрсолаи оби дарëи Норин дар наздикии деҳаи Учқӯрғон ба ҳисоби миёна 434 м3/сон, оби Кародарё дар наздикии посёлкаи Кампирработ 122 м3/сон, поёнтар аз ҷои якшавии ҳар ду дарё, дар наздикии деҳаи Кал 492 м3/сон, дар наздикии баромадгоҳи водии Фарғона 566 м3/сон, поёнтар аз ҳамроҳшавии дарëи Чирчиқ 703 м3/сон, дар наздикии шаҳри Казалинск 446 м3/сон. Соли

1970 барои обёрии 2,2 миллион гектар замин ба каналҳо зиёда аз 40 км3 об ҷудо карда шуд; обҳои дар коллекторҳо ҷамъшуда 13 км3-ро ташкил дод. Ҷараёни об ба воситаи обанборҳо танзим карда мешавад. Обанборҳои калонтарин: Қайроққум ва Чордара (дар дарёи Сир). Дар ҳавзаи дарё 61 ГЭС (аз ҷумла ГЭС-и «Дӯстии халқҳо» дар шаҳри Қайроққум) сохта шудааст, ки иқтидори умумии онҳо 1,6 ГВт мебошад. Сир аз резишгоҳаш то шаҳри Бекобод ҳар ҷо- ҳар ҷо киштигард аст. Дарьё зағорамоҳи, лаққамоҳӣ, симмоҳӣ, шӯртанмоҳӣ, гулмоҳӣ, хормоҳӣ ва ғайра дорад. Дар соҳилҳои Сир шаҳрҳои Ленинобод, Бекобод, Чордара, Қизилдара ва Казалинок воқеъ гаштаанд.

Сир ҳанӯз аз замонҳои қадим маълум буда, онро дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ ҳар хел ном бурдаанд. Масалан, муаррихони Юнони Қадим — Яхартес (Яксарт) ва баъзан Танаис ҳам гуфтаанд. Дар китоби муқаддаси зардуштиён Авесто — Дану, Дар осори муаррихони арабизабон Сайҳун, дар «Ҳудуд-ул-олам» (асри 10) Хашарт, дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ва «Нузҳат-ул-қулуб»-и Ҳамдуллоҳи Қазвинӣ — Гулзарриюн, дар асарҳои Абӯрайҳони Берунӣ — Хасарт номбар шудааст. Инчунин Сирро дар маҳалҳои гуногуне, ки дарё аз он ҷойҳо ҷорӣ мешуд, Оби Фарғона (ё ки дарëи Фарғона), дарëи Узган, Оби Хуҷанд, Наҳрғушшош (дарëи Шош), дарëи Банокат ва ғайра номидаанд.

Ибораи Сир бори нахуст дар асари муаррихи Рим Плиний (асри 1 милод) дар шакли «Силис» вомехӯрад. Ибораи «Силис» (ё ин ки «Сир») эҳтимол аз номи қабилаи маскуни атрофи дарё гирифта шуда бошад.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …