Маълумоти охирин

СИР

СИР, сум, савм, сирпиёз, саримсоқ, нимчамулло , сабзавотест аз ҷинси пиёз (оилаи пиёҳо). Пиёзакаш аз 6—30 «нохунак» («дандона») иборат буда, бо пардаи сафед пушида шудааст. Гулаш сафед ë нофармон, хӯшагулаш чатршакл, савсанбарг (дарозиаш то 1 м). Бӯю таъми хос дорад.

Сир арчи ҳамтавила чу савсан бувад ба ранг,

Ғаммози бӯю ранг бувад бӯи ранди ӯ.

(Хоқонӣ).

Зотан аз Осиëи Ҷанубӣ аст. Сир дар Мисри Қадим маълум буд. Онро дар ҳазораҳои то милод кишт мекарданд. Сирро аввалин бор Диоскорид (асри 1 милод) чун гиëҳи шифобахш тавсиф кардааст. Дар тибби атиқа онро ҳангоми камиштиҳоӣ, лоғари (заифӣ), шикамдард, сулфа, диспепсия ва ғайра истифода мебурдаид. Аз рӯи нишондоди Абӯалии Сино Сири пухтагӣ касро аз сулфа раҳоӣ дода, овозро мекушояд, дарди қафаси синаву боди шикамро барҳам медиҳад. Ӯ Сирро позаҳр ҳисоб кардаст. Дар «Махзан-ул-адвия»-и Муҳаммад Ҳусайн (асри 18) Сирро чун давои зиқуннафас, амрози асабонӣ, дарди бандҳо, ирқуннисо (ишиас) ва ниқрис (подагра) нишон додааст. Сир инчунин вораҳои дандонро қувват медиҳад. Бино ба гуфти Муҳаммад Ҳусайн истеъмоли аз ҳад зиёди Сир боиси дарди сар, муаирри чашму шуш, бавосир ва ғайра мешавад.

Моддаҳои фитонсидни (бухораӣ) Сир, бактерияҳои хунноқ, сил, домана, исҳоли хунин, стафилококкҳо, стрептококкҳо ва ғайро нобуд мекунанд. Сирро дар тибби муосир барои табобати иллати меъда, заъфи рӯда, хала, эвтерит, исҳоли хунин (дизентерия), боди шикам (метеоризм), гипертония, атеросклероз ва ғайра истифода мебаранд. Қиёми спиртии он (40%) санги гурда, пешобдон ва инчунин ниқрисро нест мекунад. Ба касалиҳои узви нафас, зардпарвин (заъфарма), рӯда ва пӯст низ муфид аст. Аз Сил доруҳои «Аллилсат» ва «Аллохол» тайёр мекунанд. «Аллилсат»-ро барои табобати заъфи руда, гипертония ва атерооклероз истифода мебаранд. Бо «Аллолхол» (қиёми хушки Сир, газна, зардаи хушки ҳайвон ва ангишти фаъол) генатит, холангит, холесистит ва қабзиятро муолиҷа мекунанд. Тадқиқи фариакологӣ (соли 1983) нишон дод, ки пиёзаки тару тозаи Сир рушди омоси саратонро бозмедорад.

Алҳол Сирро дар аксар кишварҳои ҷаҳон мекоранд. Асосан бехашро истеъмол мекунанд. Баргаш манбаи витамини С ва хӯришист. Сирро дар саноати хӯрокворӣ барои тайёр кардани ҳар гуна ҳасиб, очоронии бодиринг, занбӯруғ ва ғайра истифода мебаранд. Дар дунё соле қариб 280 ҳазор га Сир мекоранд ва то 1,4 млн тонна ҳосил меғундоранд. Дар СССР (Қисми европоӣ, Кавказ, Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон, Шарқи Дур) аз ҳар га сирзор андаряк 50—80 (то 350) с бех ва то 500 с барги сабз меғундоранд. Сир баҳорӣ («Ростовский», «Броницкий», «Калинипский» ва ғайра) ва тирамоҳӣ («Старобелъский белый», «Южный фиолетовый»ва ғайра) мешавад. Навъҳои баҳориро бештар дар ноҳияҳои марказӣ ва шимоли мамлакатамон ва навъҳои тирамоҳиро дар ноҳияҳои ҷанубӣ мекоранд.

Дар Сир моддаҳои фаъоли биологӣ бисёр аст. Бехаш то 0,3% аллиин, фитостеринҳо, 20—27% полиоахаридҳо, сафеда, 2—28% мг витамини С, равғани эфир, фитонсидҳо ва ғайра дорад. Сирро чун гербисид истифода бурдан мумкин аст. Барои ин 100 г барги хушк ва пӯсти беди Сирро дар 10 л об таркарда мемонанд; агар оби онро ба себу олу ва садбарг пошем, ширинчаву тортанакканаро нест мекунад.

Адабиëт: Скляровский Л. Я., Целебные свойства пищевых растений, Москва, 1972; Турова А. Ц., Лекарственные растения СССР И их применение, Москва, 1974: Вехов В. Н., Губанов И. А., Лебедева Г. Ф., Културные растения СССР, Москва, 1978. М. Ҳошматов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …