Маълумоти охирин

СИПОҲӢ

СИПОҲӢ номи аскари савора ва ё пиёда дар қӯшунҳон Эрон, хониҳои Осиёи Миёна. Баъзан амалдорони давлатиро низ Сипоҳ меномиданд; 2) дар армияи империяи Усмония шахсе, ки бо шартҳои муайян хизмати ҳарбиро адо мекард ва ба ивази хизмат замин мегирифт. Дар асрҳои 15—16 Сипоҳиён қисми асосии қувваҳои ҳарбии туркҳоро ташкил мекарданд; дар корпусҳои аскарони савора низомиёнеро, ки маош мегирифтанд, ҳамчунин Сипоҳиён меномиданд; 3) дар миёнаҳои асри 18 ва солҳои 40-уми асри 20 дар Ҳиндустон аскари кироне, ки ба армияи мустмликадорони европоӣ (португалиҳо, франсавиён, англисҳо) аз ҳисоби аҳолии маҳаллӣ гирифта мешуд. Англисҳо барои истисмори Ҳиндустон аз Сипоҳиён васеъ истифода мебурданд. Шӯриши миллии Ҳинд (1857—1859) -ро, ки дар он Сипоҳиён ҳам иштирок доштанд, шӯриши сипоҳиён низ меноманд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …