Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / СИПЕҲРИИ БУХОРОӢ

СИПЕҲРИИ БУХОРОӢ

СИПЕҲРИИ БУХОРОӢ  (соли таваллуд ва вафоташ гомаълум), шоири форс-тоҷик (асри 10). Сипеҳри Бухороӣ аз муосирони Рӯдакӣ буд. Роҷеъ ба ҳаёти ӯ маълумоти аниқе нест. Муаллифи «Маҷмаъ-ул-фусаҳо» ӯро аз ҳамсӯҳбатони Абулмуайяди Балхӣ ва Абӯмасали Бухороӣ медонад. Ашъораш аз қасидаву ғазал иборат будаас, ки дар мавзӯъҳои анъанавии ишқу тасвири манзараҳои табиат ва панду насиҳат суруда шудаанд. Дар мадҳ ва лирикаи манзаравии Сипеҳри Бихороӣ истиораҳои нозук ва тавсифҳои баландсадову муболиғаҳои нодир бисёр будаанд. Аз осораш хеле кам боқи мондааст.

  Адабиëтҳо: Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ, Сталинобод, 1958.

А. Абдуллоев

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …