СИПЕҲРӢ Суҳроб (1928, Кошон—1980, Теҳрон), шоири эронӣ. Донишкадаи ҳунарҳои нафисаро дар Теҳрон хатм кардааст. Ҳам наққош буд, ҳам шоир. Ба Европа ва Ҳиндустону Япония сафарҳо кардааст. Аз осори наққошиаш чандин намоиш дар Эрону кишаоҳои диар. барпо гардидааст. Дар асарҳои наққошиаш таъсири санъати тасвирии японҳо ва дар шеъраш таъсири фалсафаи буддоӣ ҳувайдост. Осори наққошии Сипеҳрӣ, дар музейҳои Франсия ва Италия ҷой доранд. Ашъораш дар маҷмӯаҳои «Марги ранг» (1951), «Зиндагии хобҳо» (1953), «Овори офтоб» (1961), «Садои пои об» (1961), «Ҳпҷми саба» (1967) ва ғайра гирд омадааст. Дар шеърҳои Сипеҳрӣ ҳамчун лавҳаҳои наққошиаш тасвири манзараҳои табиат пайваста бо ифодаи эҳсосоти нозуки инсон мавқеи муҳим дорад. Баъзе аз шеърҳои Сипеҳрро метавон аксбардории ҳодиса ва предмнтҳои табиат донист. Сипеҳрӣ ашъорашро дар пайравии арӯз ва ҷараëни «шеъри озод» эҷод кардааст. Намунаҳои ашъораш дар Тоҷикистон ба табъ расидаанд.
А. Абдуманнонов, Ф. Наҷмонов.