Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СИПЕҲР Мирзо Муҳаммадтақихони Кошонӣ

СИПЕҲР Мирзо Муҳаммадтақихони Кошонӣ

СИПЕҲР  Мирзо Муҳаммадтақихони Кошонӣ (1793 ё 1801, Кошон —1879, Теҳрон), шоир ва муарррихи эронӣ. Сепеҳр аз ҷавонӣ ба шеъргӯӣ машғул шудааст. Ашъораш дар девоне гирд оварда шудаанд. Ӯ ду асари дигар бо номҳои «Вароҳин-ул-Аҷам» (доир ба арӯзу қифия) ва «Оинаи ҷаҳоннамо» таълиф кардааст. Соли 1842 Сипеҳр ба навиштани асари нӯҳҷилдаи «Носих-ут-таворих» шурӯъ мекунад. Дар он муаллиф баёни воқеияти таърихиро аз замони қадим («Ҳубути Одам») шурӯъ намуда, бо таърихи салтанати Қоҷорҳо ба поён расонидааст. Китоб доир ба таърихи Эрон, Осиёи Миёна ва баъзе мамолики араб сарчашмаи хубест.

Ф. Наҷмонов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …