Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СИПЕҲР Мирзо Аббосқулихон

СИПЕҲР Мирзо Аббосқулихон

СИПЕҲР Мирзо Аббосқулихон, Сипеҳри Сонӣ (1851, Кошон—27. 01. 1924, Теҳрон), адабиётшинос ва муаррихи эронӣ. Писари Сипеҳр Муҳаммадтақихони Кошонӣ. Солҳои 1870—1896 муншии Вазорати корҳои хориҷӣ ва адлия буд. Дар аввали асри 20 Сипеҳр ҳизмати давлатиро тарк намуда, ба тадқиқи масоили адабӣ ва таърихӣ пардохт. Асари муҳимтарини Сипеҳр «Таърихи Қоҷория» аст, ки идомаи мантиқии «Носих-ут-таворих»-и Муҳаммадтақихони Сипеҳр мебошад. Ба ғайр аз ин, боз ду китоб — «Тазкираи Носирӣ» (маҷмӯаи қасоид, мадҳиаҳои манзуму мансур, шарҳи ҳаводиси айёми Носируддиншоҳ) ва «Таърихи давлати олияи Музаффаруддиншоҳ» таълиф кардааст. Сипеҳр асари олими асри 13 араб Ибни Халликон — «Вафёт-ал-аъëн ва анбои абно – уз – замон» («Вафоти аъён ва ахбори муосирон»)-ро аз арабӣ ба форсӣ тарҷума кардааст.

Ф. Наҷмонов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …