Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / СИНСЗЯН

СИНСЗЯН

СИНСЗЯН, Райони Автономии СинсзянуУйғур, Туркистони Шарқӣ, райони автономиест дар ҳайати Республикаи Халқии Хитой. Дар шимоли ғарби Хитой воқеъ гардида, бо СССР, Афғонистон, Ҳиндустон ва Республткаи Халқии Муғулистон ҳамсарҳад мебошад. Масоҳаташ 1600 ҳазор км2. Аҳолиаш 10 миллион нафар (1976), асосан уйғурҳо, инчунин тоҷикон, қазоқҳо, қиргизҳо, муғулҳо, дунганҳо, хитоиҳо ва дигар миллатҳо. Дар ҳайати район 5 округи автономӣ, 6 округ, 4 шаҳри тобеи музофот ва округ, 74 уезд ва 6 уезди автономӣ (аз ҷумла уезди тоҷикнишини Тошқӯрғон) ҳаст. Шаҳри асосиаш Урумчӣ.

Аслан на таърихи кишвари Синсзян ва на аҳолии муқимии он ба Хитой муносибате надорад. Чунонки осори хаттии мардуми таҳҷоӣ, бозёфтҳои археологӣ ва манбаъҳои хитоӣ далолат мекунанд, дар Синсзян аз азал (ҳеҷ набошад, аз ҳазораи 1 то милод сар карда) халқиятҳои ҳиндуевропоӣ маскун буданд. Дар Ғарб ва Ҷануб то худи Хутан (аз Қошғар сар карда) сакоиҳои эронинажоду эронизабон мезистанд. Минтақаи ҷанубии ноҳияи Лобнор бошад, макони ҳиндуён буд, ки ба ин ҷо аз қисми шимоли ғарбии Ҳиндустон омада, баъдтар бо тибетиҳо омехта шуда рафтаанд. Тамоми минтақаи шимолӣ ватани суғдиён ҳисоб меёфт. Аз Кучар то Гурфон бошад, тоҳириён нуфуз доштанд, ки забонашон ба гурӯҳи аврупоии забонҳои ҳиндуевропоӣ мансуб буд. Дар водиҳои майдае, ки аз Хутан ба тарафи Шаҳр тӯл мекашанд, низ халқиятҳои ҳиндуевропоӣ маскун буданд. Дар адабиёти таърихӣ ниҳ собит шудааст, ки аҳолии Синсзян ва Помир чи аз ҳайси забон ва чи аз ҷиҳати нажоду маданият бо ҳам хеш будаанд. Аз тарафи дигар, аҳолии ҳиндуевропоии Синсзян бо аҳолии даштҳои ҷануби Русия ва давлати Ҳахоманишиён робита доштааст.

Баъди Синсянро забт кардани туркон (нимаи дуюми асри 6) низ робитаҳои таърихию фарҳангии Аҷам ва Синсзян канда нашудааст. Ва чунон ки аз муқоисаи урфу одат, санъати тасвирию меъморӣ ва умуман маданияти моддии кишварҳои мазкур (сару либос, яроқу аслиҳа, гӯру кафан ва ғайра) бармеояд, дар Санзян анъанаҳои ҳиндию эронӣ ҳамеша нуфузи калон доштааст.

Дар миёнаи асри 9 ба Сансзян аз ҳавзаи дарëҳои Урхун ва Селенга бисёр уйғурҳо кӯчида омаданд. Дар ибтидои асри 10 давлати уйғурҳо ба вуҷуд омад, ки он дар асри 12 мутеи қаракиданиён шуд. Туркистони Шарқӣ ва Ҷунрар аз асри 13 то асри 15 дар тасарруфи хонҳои муғул буд, аммо баъди таназзули давлати Темуриён (асри 15) дар ин ҷо якчанд давлат ба вуҷуд омад. Асрҳои 18—19 халқҳои Туркистони Шарқӣ ва Ҷунғар ба муқобили зулму истибдоди Хитою Манҷурия борҳо мубориза бурданд. Шӯриши уйғурҳо ва дунганҳо (1862—1877) боиси бунёд ёфтани давлати Ҷетишаҳо (асосгузорашон Яъқуббек) ва Иттифоқи шаҳрҳои Дунгав гардид. Баъди фурӯ нишондани шӯриш Ҷунғар ва Туркистопи Шарқӣ ба музофоти империяи Син-Синсзян табдил дода шуданд. Соли 1912 дар давраи Револютсияи Синхай (1911—1913) дар Синзян ҳокимияти Синҳо сарнагун карда шуд. Синсзян баъди ғалабаи Револютсияи халқи дар Хитой соли 1949 аз тасарруфи гоминданчиён раҳо ёфт. Сооҳои 50 Синсзян бо кӯмаки бародаронаи халқи советӣ дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодӣ ва маданӣ ба муваффақиятҳои калон соҳиб шуд. Синсзян 1954 ислоҳоти аграрӣ ба охир расида, кооперативонии хоҷагии қишлоқ сар шуд. Моҳи сенттябри 1955 музофоти Республикаи Халқии Хитой— Синсзян ба Райони Автономии Синсзяну Уйғур табдил дода шуд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …