Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / СИННИ ХУРДИ МАКТАБӢ

СИННИ ХУРДИ МАКТАБӢ

СИННИ ХУРДИ МАКТАБӢ (7-10 —11-солагӣ), давраи ҳаёти мактабии бачаро гӯянд. Дар ин давра дар ҳаёту фаъолият ва ҷисму рӯҳи бача тағйироти муҳим ба амал меояд. Бача ба хондан, навиштан ва ҳисоб малака ҳосил мекунад, хотира ва қобилияти мушоҳидакорию муҳокимаронии ӯ инкишоф меёбад. Шавқи бача ба донишандӯзӣ меафзояд, ӯ ба кори фикрӣ малака ва ба риояи режими кор одат пайдо мекунад. Мавқеи бозӣ низ дар ҳаёти бача ҳанӯз калон аст. Бача бо намудҳои дастраси фаъолияти меҳнат машғул мешавад. Шиносоӣ бо тартибу қоидаҳои мактаб, нав шудани доираи мносибат (бо муаллимон, талабагон), қабул ба сафи пионер, иштирок дар корҳои ҷамъиятӣ ба инкишофи хуби шахсияти бача (ахлоқу одоб, тасаввуроту ҷаҳонбинӣ, ҳисси дӯстию коллективизм ва ғайра) мусоидат мекунад.

                                                                                               С. Н. Алиев.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …