Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / СИНГАЛИҲО

СИНГАЛИҲО

СИНГАЛИҲО, миллат, аҳолии асосии ҷазира ва республикаи Шри -Ланка. Шумораашон 10530 ҳазор нафар (1978). Сингалиҳо аз ҷиҳати антропологӣ ба нажоди европоӣ ва халқҳои Ҳиндустони Шимолӣ мансубанд. Бо забони сингалӣ гап мезананд. Аксарашон буддода ва қисман масеҳиятро мепарастанд. Сингалиҳо ба ду гурӯҳ тақсим шуда дар ҳамвориҳою кӯҳдараҳо зиндагӣ мекунанд. Сингалиҳои кӯҳистониро кандийҳо (аз шаҳри Канди) меноманд. Сингалиҳо асосан бо деҳқонӣ ва моҳигирӣ машғуланд.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …