Главная / Ҷамъият / СИНФИ КОРГАР

СИНФИ КОРГАР

СИНФИ КОРГАР, як синфи асосии ҷамъияти ҳозира, қувваи асосии просесси таърихии гузариш аз капитализм ба сотсиализм ва коммунизмро гӯянд. Он дар замони капитализм ғуломи кирояи синфи сармоядор буда, аз воситаҳои истеҳсолот маҳрум аст ва аз ҳисоби фурӯхтани қувваи кории худ зиндагӣ ме- кунандд ва объекти асосии истисмори капиталистӣ мебошад. Дар замони сотсиализм — синфи меҳнаткашони корхонаҳои умумихалқии сотсиалистӣ буда, дар ҷамъият мавқе калон дорад,  ба пайдоиш ва ташаккули Синфи коргар баробари дар қитъаи Европа (асрҳои 14—15) ба вуҷуд омадани аввалин унсурҳои тарзи капиталистии истеҳсолот замина муҳайё гардид. Аммо то асри 16 коргарони кироя қисми ниҳоят ками аҳолӣ буданд.

Баробари пайдоиши муносибатҳои капиталистӣ муборизаи коргарон ба муқобили истисмори капиталистӣ оғоз гардида, дар давраи мануфактура бештар пинҳонӣ буд ва дар ягон-ягон баромадҳо — балвоҳои стихиявӣ, корпартоиҳои ҷудогона зоҳир мегардид. Дар Англия ҳанӯз дар асри 14, дар Франсия дар асри 16 мунтазам қонунҳое бароварда меуданд, ки онҳо фаъолияти иттифоқҳои косибон ва корпартоиҳоро қатъиян манъ мекарданд.

Пайдоиши пролетариати фабрикию заводӣ бо табаддулоти саноатӣ, яъне ба давраи аз мануфактура ба истеҳсолоти мошинӣ гузаштан алоқаманд аст. Истеҳсолоти мошинӣ дар солҳои 60 асри 18 дар Британияи Кабир оғоз ёфта, тадриҷан ба дигар мамлакатҳо интишор гардид. К. Маркс ва Ф. Энгелс дар «Манифести Партияи Коммунистӣ мақоми оламшумули таърихии пролетариатро илман ҳаматарафа асоснок намуда, таълимоти револютсионии худро ба фаъолияти он узван алоқаманд карданд. Баробари афзудани шумораи коргарони саноати муборизаи онҳо ба муқобили буржуазия пурзӯр гардид. Ҷанги якуми ҷаҳони ба Синфи коргарии Европа зарбаи сахт зад. Кризиси умумии капитализм ба вазъияти револютсионӣ дар Россия мусоидат кард. Моҳи феврали 1917 мутлақият ва 25 октябр бошад ҳокимияти буржуазӣ сарнагун карда шуда, диктатураи пролетариат дар шакли Советҳо барпо гардид.

Синфи коргари Россия ҳокимияти сиёсиро ба даст дароварда дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ дигаргуниҳои куллии револютсионӣ ба амал овард. Бо таъсири он муборизаи револютсионии пролетариат дар мамлакатҳои тараққикардаи капиталистии Ғарб авҷ гирифт.

Ҳаракати револютсионии пролетариат аз таъсири ақидаҳои ислоҳотчигӣ озод шуда, пурра ба мавқеи марксизм гузашт.

  Кризиси капитализм ва ғалабаи Октябри Аъзам фаъолияти сиёсии пролетариатро баланд мебардорад. Синфи коргар дар симои фашизм хавфи саршавии Ҷанги дуюми ҷаҳониро медид. Бинобар ин коргарон соши 1935 дар Австрия, Франсия ба муқобили фашистон мубориэаи яроқнокро сар карданд. Дар мамлакатҳои мустамлика, ниммустамлика ва мустақили Осиё, Африка ва Америкаи Лотинӣ ҳаракатҳои озодихоҳии миллӣ ва револютсионӣ авҷ гирифт.

  Сохтмони сотсиализм дар як қатор мамлакатҳо боиси фаъолии сиёсию иҷтимоии коргарон гардид. Онҳо шаклҳои нав ба нави муборизаи синфиро дарафт намуда, ҳамкории иқтисодиро бо ҳам мустаҳкам мекарданд.

  Синфи коргари мамлакатҳои капиталистӣ мисли пештара қувваи асосии револютсионӣ буда, дар мубориза ба муқобили империализм сарвари дигар гурӯҳу табақаҳои ҷамъиятӣ мебошад, ки ин қонунияти объективист. Зеро капитализм техникаи истеҳсолиро мукаммал гардонида, бо ҳамин сафи бекоронро зиёд мекунад.

Пайдоиши Синфи коргар дар Тоҷикистон ба давраи роҳ ёфтани муносибатҳои истеҳсолии капиталистӣ ба истеҳсолоти Осиёи Миёна рост меояд. Ба пайдоиши Синфи коргар дар Тоҷикистон як қатор омилҳо мусоидат намуданд: а) ба вуҷуд омадани як қатор корхонаҳои хурди саноати дар ҲУДУДИ районҳои ҳозираи шимоли республика, ки дар онҳо меҳнати кироя истифода менамуд; б) қашшоқии оммавии охири асри 19 ва ибтидои асри 20, ки шумораи мардикориро аз районҳои ҷануби республика зиёд намуд. Дар ин вақт 15—20% аҳолии калонсол (асосан мардон) дар ҷустуҷӯи кор ба шаҳрҳои Осиёи Миёна ва Кавказ рафта, сафҳои пролетариатро афзун менамуданд; в) дар солҳои Ҷанги якуми ҷаҳонӣ аз тарафи ҳокимияти подшоҳӣ ба корҳои ақибгоҳ сафарбар намудани халқҳои Осиёи Миёна ба ҷои коргарони рус, ки ба ҷанг даъват шуда буданд. Ин имконият дод, ки намояндагони халқҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла тоҷикон ба шаҳрҳои Петербург, Брянск, Иваново-Зуево рафта бо ақидаҳои револютсионӣ шинос шаванд ва дар мактаби муборизаи синфӣ обутоб ббанд.

Марҳилаи дигари инкишоф ва ташаккули Синфи коргари Тоҷикистон ба дигаргуниҳои куллии иктисодию сиёсии револютсионӣ вобаста аст. Синфи коргарии тоҷик бо ду роҳи асосӣ ташаккул ёфтааст: а) тайёр намудани кадрҳои коргари аз ҳисоби косибону деҳқонон; б) даъват намудани коргарон аз шаҳрҳои калони саноатӣ. Дар давоми чор соли панҷсолаи 1-ум дар саноати республика 10 ҳазор коргарон кор мекарданд.

Дар натиҷаи ба амал татбиқ гардидани як қатор қарорҳои партия ва ҳукумати Тоҷикистон сафи Синфи коргарии республика боз ҳам афзуд. Соли 1965 дар хоҷагии халқи республика 444 ҳазор, соли 1975-ум 745 ҳазор, соли 1976-ум 784 ва солт 1979-ум 900 ҳазор коргарону хизматчиён кор мекарданд, ки 33% умумии онҳоро кадрҳои маҳаллӣ ташкил медиҳад.

Таъмин намудани ягонагии иҷтимоии ҷамъият яке аз масъалаҳои марказии сиёсати КПСС мебошад. Ин сиёсат омили муҳими бо ҳам наздикшавии мавқеи ҷамъиятӣ, шароит ва характери меҳнат, дараҷаи зиндагӣ, маълумот ва маданияти Синфи коргар, деҳқонон ва интеллигенсия мебошад. Дар ҳалли амалии ин масъала Синфи коргар ба мавқеи асосӣ молик аст. Зеро Синфи коргар дар камлакати мо синфи аз ҳама сершумор буда, қувваи асосии истеҳсолкунандаи неъматҳои моддию маънавӣ мебошад. Таҷрибаи таърихии инкишофи Синфи коргар, муборизаи ӯ барои сохтмони сотсиализм ва коммунизм аҳамияти интернатмионалӣ дорад.

Д. Хуморов.

 

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

САФОРАТХОНА

САФОРАТХОНА, намояндагии дипломатие, ки ба он сафир ва ё дигар намояндагони дипломатии класси 1- ум …