Маълумоти охирин
Главная / Илм / СИНФ

СИНФ

СИНФ (арабӣ қисм, гурӯҳ), яке аз категорияҳои таксономиест дар систематикаи ҳайвонот ва растаниҳо. Синф қатор (дар ҳайвонот) ва ё тартибҳое (дар растаниҳо), ки бо ҳамдигар муносибати хешӣ доранд, муттаҳид мекунад. Масалан, қатори хояндаҳо, ҳашаротхӯрҳо, даррандаҳо ва ғайраро ба Синфи ширхӯрҳо муттаҳид менамояд. Дар навбати худ Синфҳое, ки намояндаи онҳо аз ҷиҳати сохт, пайдоиш ва баъзе хусусиятҳои дигар умумият доранд, ба тип (дар ҳайвонҳо) ё шӯъба (дар растаниҳо) муттаҳид мешаванд. Масалан, Синфи моҳиҳо, обхокиҳо, хазандаҳо, ширхӯрҳо ва ғайра типи ҳайвоноти хордадор ва Синфи растаниҳои якҷинсаю дуҷинса шӯъбаи растаниҳои пӯшидатухмро ташкил медиҳанд. Мафҳуми «Синф»-ро ботаники франсавӣ Ж. Турнефор ба систематика дохил кардаст. Баъд (1735) онро К. Линней дар «Системаи табиат»-и худ истифода бурдааст.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …