Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СИНАНТРОП

СИНАНТРОП

СИНАНТРОП (аз лотинӣ Sina-Хитой ва юнонӣ anthrops — одам), намояндаи қадимтарин одамони ҳафриётие, ки боқимондаҳои скелети он аввалин маротиба солҳои 20 асри 20 аз ғори Коустанги наздикии стансияи роҳи оҳан Чжоукоудян, тақрибан 45 км ҷануби ғарбии Пекин ëфт шудааст. Боқимондаи косахонаи сар, ҷоғи поëн, устухонҳои узвҳои бадан ва дандонҳои зиëда аз 60 Синантропи гуногунсинну мухталифҷинс, инчунин олоти сангии оддӣ ëфт шудаанд. Аз ҷиҳати антропологӣ Синантроп ба питекантроп монандӣ дорад, аммо косахонаи сараш калонтар (1040 см3 ) ва пешониаш васеътар мебошад. Қабати ғафси хокистару ангишт, устухонҳои нимсӯхтаи ҳайвонот шаҳодат медиҳанд, ки Синантропҳо аз оташ истифода мебурдаанд. Синантропҳо 400 ҳазор сол пеш аз ин мезистаанд. Баъзе олимон дар асоси омӯзиши устухоии ҷорж поëн, ки соли 1963 аз уезди Лантяни вилояти Шэнси ëфт шуд, Синантропи Лантянро қадимтарин ҳисоб мекунанд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …