Маълумоти охирин

СИМФОНИЯ

СИМФОНИЯ (юнонӣ symphonia— ҳамоҳангӣ), асари мусиқӣ дар шакли сонатаҳои мусалсал, ки барои бо оркестри симфонӣ иҷро кардан эҷод мегардад; яке аз жанрҳои муҳими мусиқии симфонӣ. Ба баъзе Симфонияҳо инчунин хор ва сарояндагони яккахон ҷалб карда мешаванд. Симфония барои оркестри торӣ, оркестри нафасӣ, оркестри созҳои халқӣ ва дигар ҳайатҳои мусиқӣ низ эҷод мегардад. Симфония одатан аз 4 қисм иборат аст: якум— дар шакли аллегрои сонатавӣ, дуюм — лирикии ором, сеюм — менуэт 3 скерсо, чорум — интиҳо. Симфония шакли олии мусиқии созист: вай барои ифодаи мазмуну ғояҳои барҷаста нисбат ба дигар шаклҳои мусиқӣ имкониятҳои фаровон дорад. Марҳилаи муҳими инкишофи Симфония бо фаъолияти бастакорони мактаби мусиқӣ алоқаманд аст. Дар жанри Симфония оҳангсозони италиявӣ, австриягӣ ва франсавӣ асарҳо офариданд. Оҳангсозони мактаби классикии Вена Й. Гайди, В. А. Моцарт ва Л. Бетховен навъи мукаммали Симфонияро офариданд. Бастакорони романтик шакли анъанавии Симфонияро нигоҳ дошта, онро бо мазмуни нав бой гардонданд. Дар Европа намояндагони мактабҳои нави миллии мусиқӣ Оҳанги барҷаста эҷод карданд: дар нимаи дуюми асри 19 А. Дворжак дар Чехия, дар асри 20 К. Шимановский дар Полша, 9. Элгар ва Р. Роан-Унлямс дар Англия, Я. Оибелнус дар Финляндия. Дар мусиқии рус жанри Симфония мавқеи босазо дорад.Махсусан, Симфонияҳои А. П. Бородин, П. И. Чайковский, А. К. Глазунов, А. Н. Скрябия ва С. В. Рахманинов. Оҳангсозони советӣ низ ба жанри Симфония таваҷҷӯҳи махсус зоҳир карда, дар ин соҳа асарҳои барҷаста эҷод намуданд. Аз он ҷумла Симфонияҳои Н. Я. Мясковский, С. С. Прокофьев, Д. Д. Шостакович ва А. И. Хачатуров хеле машҳуранд. Дар эҷодиëти оҳангсозони тоҷик низ Жанри Симфония мавқеи муҳим дорад. Аз ҷумла, 3. Шаҳждӣ, Ш. Сайфиддинов, Я. Сабзанов, А. Одинаев, Ҷ. Охунов ва дигарон бо Симфонияҳои худ ба инкишофи ин жанри мусиқӣ саҳм гузоштанд.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …