Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СИМИНИ БЕҲБАҲОНӢ

СИМИНИ БЕҲБАҲОНӢ

СИМИНИ БЕҲБАҲОНӢ (таваллудаш 1927, Теҳрон), шоираи эронӣ. Симини Беҳбаҳонӣ баъди касби маълумоти миёна ба факултети ҳуқуқшиносии Университети Теҳрон дохил шуда, зимни таҳсил бё омӯзиши забону адабиёт машғул шуд. Баъд аз хатми донишгоҳ омузгорӣ мекард. Нахустин шеърҳои Симини Беҳбаҳонӣ солҳои 40 дар матбуоти Эрон ба табъ расиданд. Симини  Беҳбаҳонӣ ашъори худро дар қолаби арӯз ва жанрҳои анъанавии классикии форс – тоҷик (ғазал, қитъа, рубоӣ ва маснавӣ) эҷод кардааст. Муаллифи маҷмӯаҳои «Сетори шикаста» (1951), «Ҷои по», «Чилчароғ» (1957), «Мармар» (1962), «Растохез» (1973) аст. Симини Беҳбаҳонӣ пайрави ҷараёни реализм аст. Таваҷҷӯҳи шоираро беадолатиҳои иҷтимоӣ, рӯзгори тираи заҳматкашони ватанаш ҷалб менамоянд. Ба қавли шоира қаҳрамонони ӯ аз миёни соҳибдардон интихоб шуда, дарди онҳо аз забони худашон шарҳ ёфтааст. Солҳои охир бештар ғазалҳои ишқии лирикӣ эҷод мекунад. Чанде аз шеърҳояш дар матбуоти тоҷик ба табъ расидаанд.

                                                                              Ф. Наҷмонов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …