Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри СИМФЕРОПОЛ

Шаҳри СИМФЕРОПОЛ

 

СИМФЕРОПОЛ шаҳрест дар Республикаи Советӣ Сотсиалистии Украина, маркази вилояти Қрим. Дар соҳили дарëи Салгир воқеъ аст. Стансияи роҳи оҳан. Узели роҳҳои шоссе. Аэропорт дорад. Аҳолиаш 326 ҳазор нафар (1984). Соҳаҳои асосии саноаташ: хӯрокворӣ (Консерв, вино, равғани эфир, гӯшту шир, тамоку), сабук (трикотаж, матоъҳои пахтагин, бофандагӣ, дӯзандагӣ, чарму пойафзол), мошинсозӣ ва коркарди металл (заводҳои таҷҳизоти саноати хӯрокворӣ, телевизор, қисмҳои эҳтиётии мошинҳои хоҷагии қишлоқ, таъмири автомобил ва ғайра.), химия (заводдҳои маснуоти пластмасоагӣ, асбобҳои рӯзгор), масолеҳи бинокорӣ. Дар наздикии Симферопол обанбор ва Гидро Электро Стансияи ба номи В. И. Ленин ҳаст. 3 донишкадаи олӣ (аз ҷумла университет) 9 мактаби миёнаи махсус, 3 театр дорад.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …