Маълумоти охирин
Главная / Биология / СИМБИОЗ

СИМБИОЗ

СИМБИОЗ (аз юнонӣ Symbiosis— ҳамзистӣ), ҳамзистии ду организми намудҳои гуногун (аз ҷумла паразитизм — Симбиози антагонистӣ) -ро гӯянд. Симбиоз дар байни ду намуди растанӣ, растанию ҳайвонот, дар байни ду намуди ҳайвонот, растанию ҳайвонот бо микроорганизмҳо, дар байни ду намуди микроорганизмҳо ва ғайра ба вуҷуд меояд. Истилоҳи «Симбиоз»-ро с. 1879 ботаники немис А. де Бари ба илм дохил кардааст. Яке аз мисолҳои равшани «Симбиоз» микориза — ҳамзистии миселияи (танаи нашвии) занбӯруғ бо бешаи растаниҳои дараҷаи олӣ мебошад. Гиф (бофта)-ҳои занбӯруғ решаи растаниро печонида аз хок ба он дохил шудани обу моддаҳои минералиро осон менамояд; занбӯруғ дар навбати худ аз реша моддаҳои тайёрро мегирад. Ҳамзистии обсабзҳои якҳуҷайравӣ бо соддатаринҳо, рӯдаковокҳо (гидра, полипҳои марҷонӣ), кирми мӯякбадан ва ғайра мисоли Симбиози байни ҳайвону растаниҳо мебошад. Обсабзҳои якҳуҷайравие, ки дар ҳуҷайраҳои полипҳои марҷонӣ маскун шудаанд, дар инкишофи мӯътадили онҳо мақоми калон доранд. Мисоли Симбиози ҳайвон (ё одам) бо микроорганизмҳо микрофлораи рӯда мебошад, ки ҳазми хӯрок, ҳосил шудани як қатор ферментҳо ва моддаҳои физиологӣ (аминокислотаҳо, нуклеотидҳо, витаминҳо ва ғайра) ба он вобаста аст. Барои растаниҳои лӯбиёгӣ Симбиоз бо бактерияҳои азотандӯз аҳамияти калон дорад, зеро онҳо дар решаи ин растаниҳо нитрогени молекулавиро захира карда, як қатор моддаҳои фаъоли физиологие, ки барои растаниҳои лӯбиёгӣ заруранд, ҳосил мекунанд. Симбиози соддатаринҳо бо организмҳои прокариотӣ (бактерияҳо, риккетсияҳо ва ғайра) низ хеле гуногун аст.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …