Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СИМАКОВ Иван Михайлович

СИМАКОВ Иван Михайлович

СИМАКОВ Иван Михайлович (05. 01. 1920, деҳаи Богатиревкаи райони Шуйск, вилояти Ивановск —1973, Душанбе), иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—1945), дорандаи ордени Шараф (дараҷаҳои 1, 2, 3). Старшина. Аз оилаи коргар. Аъзои КПСС аз соли 1944. То давраи ҷанг дуредгари комбинати саноати маҳаллии Шуйск. Аз соли 1940 дар сафи Армияи Советӣ. Дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз рӯзҳои аввал иштирок намуд. Ёрдамчии командири взводи отделенияи 112-уми ротаи разведкаи дивизияи 201-уми тирандозии Байрақи сурхдори Батчинск буд. Барои маълумоти муҳим дар бораи ҷойгиршавии армияи душман сазовори ордени Шараф дараҷаи 3 гардид (1944). Ордени Шарафи дараҷаи 2 барои разведкаи дарозмуддат дар ақибгоҳи душман ва муқаррар кардани мавқеъҳои такягоҳи он  ва ордени Шараф дараҷаи 1 барои иштирок дар разведкаи ақибгоҳи гурӯҳи Курляндия ва ба даст овардани маълумоти муҳим оид ба вазъияти ақибнишиинии душман дода шудааст. Баъди ҷанг ба Душанбе баргашта, сардори бригадаи сохтмончиён шуд. Бо ордени Ситораи Сурх ва дигар медалҳо мукофотонида шудааст.

                                                                        Л. П. Сечкина.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …