Маълумоти охирин
Главная / Илм / СИЛВИН

СИЛВИН

СИЛВИН (аз Sylvius, номи лотинии табиб ва кимиёгари голландӣ Ф. Боэ), минералест аз синфи галогенидҳо. Таркиби химиявиаш КСl; 52,48% К, омехтаҳои бром, баъзан йод, инчунин галит (NаСl) ва оксиди оҳан (Fе2O3) дорад. Системаи кристаллбандиаш кубm. Кристаллҳояш камёфт. Силвин одатан, якҷоя бо галит, кариаллит ва ғайра агрегатҳои зичи донадор ҳосил мекунад (ин гуна агрегатҳоро силвиниг меноманд). Сахтиаш 2, зичиаш 1990 кг/м3; шишаҷило, аксар хира. Дар об зуд ҳал мешавад; таъмаш тез, шӯри талхча. Силвин дар табиат дар табақаҳои таҳшинии намакдор якҷоя бо галит, карпаллит ҷамъ шуда, конҳои калони намакҳои калийро ташкил медиҳад. Дар танӯраи вулқонҳо ба миқдори кам вомехӯрад. Кристаллҳои шаффофи Силвини сунъӣ дар оптика ба кор мераванд. Силвин инчунин барои истеҳсоли нуриҳои калийдор ашёи хом ҳисоб меёбад; онро дар тиб, атриёт, суратгирӣ ва дигар соҳаҳо низ истифода мебаранд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …