Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СИЛВЕСТР ДЕ САСӢ

СИЛВЕСТР ДЕ САСӢ

  СИЛВЕСТР ДЕ САСӢ  Антуан Исаак (21. 09. 1758, Париж—21. 02. 1838, ҳамон ҷо), шарқшиноси франсавӣ, аъзои Академияи катибаҳо (1792), профессори Мактаби забонҳои шарқӣ (1/95), Коллеж де Франс (1806). Директори Коллеж де Франс (1823) ва Мактаби забонҳои шарқӣ (1824). Асосгузор (1821) ва нахустин президенти Ҷамъияти осиёӣ, ношири «Журнал азиатик», «Журнал де саван», 1816). Августи соли 1833 котиби илмии Академияи катибаҳо. Аксар таълифоти Силвестр де Сасӣ ба таърихи арабҳо, таърихи Сосониён, забон ва адабиёти араб («Грамматикаи забони арабӣ», 1810; «Хрестоматияи адабиёти араб», 1820) оиданд. Ба адабиёти форс – тоҷик рағбати калон дошт. Мақолае оид ба Саъдӣ дар энсиклопедияи франсавӣ навиштааст; тадқиқи маъхазҳои «Калила ва Димна» низ ба қалами ӯ тааллуқ дорад. Бори аввал «Панднома»-и Аттор ва порчаҳои «Бӯстон»-и Саъдиро ба франсавӣ тарҷума кардааст. Матни  интиқодии асарҳои олимони Шарқ — Замирӣ, Мирхонд, Мақризӣ ва дигро бо тафсиру тавзеҳоти муфид ба чоп омода кардааст.

                                                                             Ш. Мухторов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …