Главная / Илм / СИЛУР

СИЛУР

  СИЛУР, давраи (системаи) сидур, давраи сеюми эраи палеозой дар таърихи геологии Замин. Силур аз номи қабилаи силурҳо, ки замоне дар Уэлс (Англия) зиндагӣ кардаанд, гирифта шудааст. Силур дар шкалаи геохронологӣ баъди давраи ордовик ва пеш аз давраи девон омада, бо аломати S ишора мешавад. Бо усули радиологӣ муайян шудааст, ки Силур 440 миллион сол муқаддам оғоз бфта, 30 миллион сол давом кардааст. Силурро соли 1835 геологи англис Р. Мурчисон муқаррар намуд. Системаи Силур ба ду қисм: поён (ярусҳои лландовери, уэнлок ё венлок) ва боло (ярусҳои лудлов, пржидол ё даунтон) ҷудо мешавад. Таҳнишастҳои Силур ба ғайр аэ Антарктида дар ҳамаи материкҳо мавҷуданд.

  Аз олами органикӣ дар аввалҳои Силур тамоми гурӯҳҳои асосии организмҳои бемӯҳра ташаккул ёфтанд ва нахустин мӯҳрадорони соддатарин пайдо шуданд.

  Дар СССР таҳнишастҳои давраи Силур дар Қисми европоӣ ва махсусан Қисми осиёии мамлакат бештар паҳн шудаанд. Таҳнишастҳои давраи Силур дар Осиёи Миёна, аз ҷумла дар Тоҷикнстон низ мавҷуданд. Дар Тоҷикистон онҳо махсусан дар қаторкӯҳҳои Туркистон, Зарафшон ва Ҳисор бештар буда, аоосан аз регсанг, алевролит, аргиллит ва варақсангҳо таркиб ёфтаанд.

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …