Маълумоти охирин
Главная / Илм / СИЛУМИН

СИЛУМИН

silumin-jpgСИЛУМИН (аз лотинӣ Silcium — силиcий ва Аluminium — алюминий), номи муштараки гурӯҳи хӯлаҳои рехтагарӣ дар асоси алюминий, ки таркибаш аз 4—13 то 23% силисий дорад. Силумин ба хосиятҳоя хуби рехтагарӣ ва механикӣ соҳиб аст (аз ин рӯ фақат хӯлаҳои системаи Аl—Сu  бартарӣ доранд). Силуминро барои сохтани деталҳои автомобилу самолётҳо истифода мебаранд. Дар СССР Силуминҳои тамғаи АЛ2, АЛ4, АЛ9 ва ғайра истеҳсол мешаванд. Нигаред низ Хӯлаҳои алюминий..

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …