Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / «СИЛСИЛАТ-УЗ-ЗАҲАБ»

«СИЛСИЛАТ-УЗ-ЗАҲАБ»

  «СИЛСИЛАТУЗЗАҲАБ» яке аз достонҳои «Ҳафт авранг»-и Ҷомӣ, ки аз се дафтар ва 6200 байт иборат буда, дар баҳри хафиф эҷод шудааст. Дар дафтари аввали «Силсилат- Уз – Заҳаб» (талифаш байни 1468—72) масъалаҳои ирфонӣ ва ахлоқӣ — ҷабру ихтиёр қазову қадар, узлату хилват, камолу нуқси одамӣ, адлу дод, хидмат ба мардум, мавриди таҳқиқ қарор гирифтаанд. Дар охири дафтари аввал баёни ақоиди ислом аз назари аҳли суннат омадааст. Ин қисми «Силсилат – Уз – Заҳаб»  чун    итоби алоҳида унвони «Эътиқоднома»-ро низ дорад.

  Дафтари дуюми «Силсилат – Уз – Заҳаб» (таълифаш 1485) ба услуби дафтари аввал нигошта шудааст. Мавзӯи он асосан «ишқи ҳақиқӣ» ва «ишқи маҷозӣ» яъне ишқи заминӣ ва ишқи рӯҳонӣ мебошад. Дар ин дафтар қиссаҳои ишқии латифе, аз қабили «Қиссаи «Уяйна ва Райё», «Қиссаи Тӯҳфаи муганния» мавҷуданд. Дафтари сеюми «Силсилат – Уз – Заҳаб» (соли таълифаш маълум нест) ҳамчун ҷавоб ба номаҳо ва қадяҳои подшоҳи Рум (Осиёи Ҳурд) султон Боязиди II (1481—1512) навишта шудааст. Ҳаҷми он дар нусхаҳои дастнавис ва чопӣ тақрибан 870 байт аст. Масъалаҳом адлу дод, оини мулкдорӣ, сулҳ, ҳалолкорӣ, фурӯ нишонидани ғазаб, саховат, раҳму шафқат ва ғайра мавзӯи баҳси ин дафтари «Силсилат – Уз – Заҳаб» қарор гирифтаанд. Ҷомӣ ин сифатҳоро барои ҳама ва махсусан подшоҳон зарур мешуморад. Вай баробари ин аз ҷангу зулм, шақвату бухл, фисқу фуҷур дурӣ ҷустанро мефармояд. Дар дарбори подшоҳ будани вазири ботадбир (мисли Низомулмулк), табиби ҳозиқ (мисли Абӯалӣ ибни Сипо), мунаҷҷими донишманд, ҳакимон ва шоирони нуктапардозро зарур мешуморад. Аз куллӣ матолиби ин дафтар назари Ҷомӣ оид ба шоҳи одил бармеояд, ки нуктаи басо муҳими он аз рӯи донишу дод идора кардани давлат мебошад. Дафтари сеюми «Силсилат – Уз – Заҳаб» барои омӯхтани афкори фалсафӣ, ахлоқӣ ва эстетикии Ҷомӣ арзиши баланд дорад. Дар ҳар се дафтари «Силсилат – Уз – Заҳаб» оёту ҳадис, гуфтори бузургони тасаввуф — Абӯсаиди Абулхайр, Баҳоуддини Нақшбанд, Боязиди Бастомӣ, Ибн ал-Арабӣ ва дигар шарҳ ëфтаанд. Доир ба масъалаҳои мавриди баҳси ҳар як дафтар Ҷомӣ ҳикоят, нақлу ривоятҳои дилкаши халқиро бо забони соддаву равон ба риштаи назм кашидааст. Дар дафтари сеюм аз саргузашти подшоҳони пешин (Нӯшервон, Қурмузи Кисро, Маҳмуди Ғазнавӣ, султон Санҷар ва дигарон) ҳикоятҳо оварда шудаанд.

                                                                           М. Диловаров.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …