Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / «СИЛСИЛАТ-УС-САЛОТИН»

«СИЛСИЛАТ-УС-САЛОТИН»

«СИЛСИЛАТУССАЛОТИН»  асари таърихии Ҳоҷӣ Мирмуҳаммад Салим, ки соли 1730 ба забони тоҷикӣ таълиф гардидааст. Номи дигараш «Ҷавоҳир –ул – таворих» мебошад. Асар воқеаҳои зиёди дарбор ва кашмакашу ҷанҷолҳои байнихудии хонҳои сулолаи Аштархониён, муносибати ин сулола бо давлатҳои ҳамсоя (махсусан Эрону Ҳиндустон), хонҳои қазоқ ва Хоразм, ҷабру исисмор нисбат ба аҳолии зердаст, ошӯбҳои халқӣ ва ғайраро дар бар мегирад. Муаллиф воқеоти таърихии байни солҳои 1468—1711 (то ибтидои ҳукмронии хони Бухоро Абулфайзхон)-ро тасвир намудааст.

Мусанниф шоҳиди аксар воқеаҳои сабткардааш мебошад. Муаллиф бисёр маълумотҳоеро меорад, ки дигар сарчашмаҳо надоранд. Дар ошкорбаёнӣ бештар мушоҳида мегардад. Нигоранда китобро ба подшоҳи Ҳиндустон Муҳаммадшоҳ (1718—1748) бахшидааст. «Силсилат – Ус  – Салотин»  барои омӯхтани таърихи давлатдорӣ дар Осиёи Миёна ва равобити ин кишвар бо давлатҳои дуру наздики Шарқ аҳамияти калон дорад.

А. Мухторов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …