СИЛСИЛА, (арабӣ — занҷир), дар тасаввуф фирқаеро гӯянд, ки муассиси он аз бузургони тасаввуф буда, роҳи махсуси риёзату муҷоҳидаро асоси тариқати худ қарор додааст. Зимни ташаккул ва инкишофи афкори тасаввуфӣ дар асрҳои миёна фирқаҳои гуногуни тасаввуф пайдо шуданд, ки пешвоёнашон яке аз нуктаҳои асосии мақомот ё аҳвол (баъзе Силсила таваккул, дигараш ризо, секхмӣ фано ва ғайра)-ро рукни асосии маслаку тариқати худ қарор дода, барои аз ҷиҳати назари асоснок намудани он Силсилаи муридию муригадиро тавассути шабхони тасаввуф то ба пайғамбар бурда мерасониданд. Бино ба маълумоти Ибни Надим дар «Феҳрист» яке аз зоҳидони маъруф Абӯмуҳаммад Ҷаъфар Халидӣ силсилаи тариқати худро ба 70 нафар «асҳоби бадр», аз ҷумла Ҷунайди Багдодӣ, Сари Саққатӣ, Маъруфи Кархӣ, Ҳасани Басрӣ ва дигарон расондааст, ки онҳоро дар адабиëти тасаввуфӣ «силсилаи аснод» меноманд. Он дар фирқаҳои мухталиф гуногун буда, маъмулан сӯфиёни Эрон Силсиларо бо Алӣ ба охир мерасонанд.
Маъмулан ҳар Силсила сарвари (шайх ё муршиди) машҳури худро дорад. Шайхи Силсиларо вали ё худ «қутб» меноманд. Дар вилоятҳо намояндаи ин ё он Силсиларо «нақиб» ва ҷонишини онро «халифа» мегуфтанд. Ҳар Силсила асоси фалсафӣ, риëзати махсуси рӯҳӣ ва қалбӣ, усул ва ривояти худро дорад.
Дар бораи миқдори Силсилаҳои тасаввуф дар осори асрҳои миёна ихтилофе ба назар мерасад. Масалан, муаллифи «Кашф-ул-маҳҷуб» сӯфияро аз дувоздаҳ Силсила— муқосибия, ҷассория, тайфурия, ҷунайдия, нурия, саҷлия, ҳакимия, ҳаррозия, қафифия, сайёрия, ҳумавия ва форсия иборат медонад. Дар тадқиқоти муҳаққиқони муосири советию хориҷӣ дар бораи Силсилаҳои ҷадрия, рифоия сӯравардия, мавлавия, кубравия, чиштия, наҷбандия, бектошия, сафавия, ҳайдария, наъматуллоҳия, ҷалилия, қаландария, маломатия ва ғайра маълумот зикр шудааст, Бисëр Силсилаҳо ҳанӯз ба таври бояду шояд омӯхта нашудаанд. Нигаред низ Тасавуф.
М.Ҳавратқулов.