Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СИЛОВСИН

СИЛОВСИН

СИЛОВСИН (Ғelis Lunx), як навъ ҷонвари ширхӯри даррандаест аз ҷинси гурба. Дарозии танаш 82—109 см, думаш 20—24 см, вазнаш одатан 8—19 кг (баъзан то 32 кг); пойҳои дарози боқувват ва панҷаҳои бисëр паҳн дорад. Рангаш сурхча ë зарди якранг, баъзан ходхол. Силовсин аксаран шабона шикор мекунад. Дар Европа, Осиёи Шимолӣ, Миëна, қисман дар Осиёи Пеш ва Америкаи Шимолӣ паҳн шудааст. Дар СССР 8 зорнамудаш (европоӣ, олтоӣ, байкалӣ, амурӣ, ёқутистонӣ, туркистонӣ, карпатӣ ва кавказӣ) малум мебошад. Дар Тоҷикистон фақат Силовсини туркистонӣ дар кӯқу бешазори анбӯқи Тоҷикистони Шимолӣ, Марказӣ ва Помир (дар баландии 4000 м аз сатҳи баҳр) зиндагӣ мекунад. Дарозии танаш 1 м, думаш кӯтоқ (20 см), вазнаш то 20 кг, сараш хурди лунда, гӯшҳояш нисбатан калони нӯгтези муйдор, мӯяш зич; рангаш дар мавзеъҳои гуногуни Тоҷикистон ҳар хел аст (масалан, дар Тоҷикистони Маркази хокистарранг ва дар Помир зарди сурхча). Харгӯш, сугур, хояндаҳои мушмонанд, паррандаҳо ва баъзан бузғолаҳои кӯҳию оҳубарраро мехӯрад. Феврал— март ба гушӣ омада, апрел— май 3—5 бача мезояд. Силовсин аҳамияти калони саноатӣ надорад; мӯинааш истифода мешавад. Силовсин баъзе ҳайвонҳои шикориро нобуд карда, ба хоҷагии шикор зарар мерасонад. Саршумори Силовсин дар Тоҷикистон кам аст ва ба Китоби сурхи Республикаи Советӣ Сотсиалистии Тоҷикистон дохил шудааст.

                                                                             А. Я. Соков.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …