Маълумоти охирин
Главная / Илм / СИЛЛИМАНИТ

СИЛЛИМАНИТ

СИЛЛИМАНИТ (аз номи олими америкоӣ Б. Силлиман), минералест аз синфи силикатҳо. Таркиби химиявиаш Аl[АlSiO5] (нигаред низ Андалузит ва Кианит). 1—1,5% омехтаи Ғе20з дорад. Системаи кристаллбандиаш ромбӣ. Кристаллҳояш сӯзаншакл; агрегатҳои маҳиннах ҳосил мекунад. Рангаш хокистарранг, бӯри равшан, сабзи бенур. Шишаҷило. Сахтиаш 6,5—7,5; зичиаш 3270 кг/м3. Аз ҳарорати баланд (қариб 1545 0С) таҷзия ёфта, ба муллит ва дуоксиди силисий (SiO2) ҷудо мешавад. Силлиманро ба сифати ашёи хом барои тайёр кардани зарфҳои чинии ба оташу кислота тобовар, изоляторҳои махсус ва ғайра истифода мебаранд. Калонтарин конҳои Силлиманро дар Ҳиндустон мавҷуданд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …