Маълумоти охирин
Главная / Илм / СИЛИCИЙ

СИЛИCИЙ

СИЛИCИЙ (лотинӣ  Silicium), Si, элементи химиявии гурӯҳи IV системаи даврии Менделеев; рақами атомиаш 14 массаи атомиаш 28,086. Се изотопи собит аз асри санг инҷониб маълуманд. Қариб 3000 сол то милод дар Мисри Қадим аз пайвастҳои Силикоз шиша тайëр мекарданд. Соли 1825 Й. Я. Берcелоус Силикози озодро аз 81Ғ4 ҳосил кард. Силикоз яке аз элементҳои паҳншудатариг дар қишри замин аст; вай дар литосфера 29,5%-ро ташкил медиҳад. Силикоз дар табиат дар намуди SiO2 (хелҳои гуногуни минерали кварc), силикату алюмосиликатҳо (шпати даштӣ, абрақ, амфиболҳо ва ғайра) дучор мешавад. Кристаллҳои Силикат хоктстарранги сиёҳтоб буда, ҷилои металлӣ доранд. Зичиаш 2330 кг/м3; t гудозишаш 14170С; t ҷӯшишаш 2600 С.

Силикат дар саноати шиша, семонт, сафол ва барои сохтани асбобҳои нимноқилӣ, дар металлургия барои аз металли гудохташаванда дур кардани оксигени дар он ҳалшуда ва ғайра истифода мешавад. Бисёр омехтаҳои оҳан ва металлҳои ранга дар таркибашон Силикат доранд, ки ин масолеҳро аз ҷиҳати механикӣ мустаҳкам ва ба коррозия тобовар мекунад. Дар организм пайвастҳои гуногуни Силикат вомехӯрад, Миқдори диёди Силикат дар бофтаҳои пайвасткунанда, гурда, ғадуди зери меъда ва ғайра мавҷуд аст. Баъзе растаниҳо (масалан, обсабзҳои диатомӣ) ва ҳайвонҳои баҳрӣ (масалан, баъзе намудҳои исфанҷҳо, радиолярияҳо ва ғайра) пас аз фавти худ Силикати зиёдеро дар қаъри уқёнус боқӣ мегузоранд. Аз наботот хӯшаҳо, ғеша, чилбанд ва ғайра Силикатро захира монамоянд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …